07 Май 2025
Дар МТМУ №23-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рузи оила дар мавзуи "Оила нахустмактаби тарбияи инсон" соати тарбиявӣ бо хонандагони синфи 10 бо роҳбарии омӯзгор Заррина Ҳомидҷонова гузаронида шуд.
Зикр гардид, ки оила ва суннатҳои оиладорӣ дар ойинҳои мардумии тоҷик ба фарҳанг ва маърифати миллати куҳанбунёдамон асос ёфта, он ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст. Мақсад аз ташкили чунин соатҳои тарбиявӣ ин рӯз устувор гардонидани оилаҳо, баланд бардоштани арзишҳои оилавӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷудаи он мебошад. Зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оилаи солим ташаккул меёбанд.
Таъкид гардид, ки оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа аз қадимулайём ҳамеша нигаҳдорандаи беҳтарин арзишҳои инсонӣ, фарҳанг, маданият, идомаи таърихии наслҳо ва омили мустаҳками инкишоф буд ва мемонад. Мафҳуми оилаву хонадорӣ барои миллати тоҷик намунаи шоистаи суннатҳои баланди ниёгон мебошад.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намудаанд: «Давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад».
Дар чорабинӣ оилаи намунавии шаҳри Хуҷанд оила Зуҳуровҳо, мутаххасисии шуьбаи маориф Дилбар Абдуллоева, омӯзгори собиқадор Матлуба Гадойбоева ва маьмурияти муассиса иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд