(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо сокинон ва фаъолони маҳаллаҳои фаъолони маҳаллаҳои “Суғдиён”, “Сайҳун” ва “Сирдарё” мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот ҳамчунин муовини Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, муовини прокурори шаҳри Хуҷанд, сардори шуъбаи шаҳрии дар шаҳри Хуҷанд будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, намояндаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ иштирок намуданд.
Фирдавс Шарифзода, Раиси шаҳри Хуҷанд ҳадафи мулоқотро баррасии масъалаҳои натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 25 апрели соли 2025 барқияи ҳукуматӣ аз 28 апрели соли 2025, №24/2-37 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 29 апрели соли 2025, №118 «Дар бораи таъсис додани гурўҳӣ кории вилоятӣ» ва бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба таъмини иҷрои талаботи моддаи 2531 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корҳои амалишуда истода дар самти пешгирии шомилшавии сокинон ба экстремизм ва терроризм ва ғайраҳо унвон намуд.
Шаҳрдор иттилоъ дод, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо саҳми тамоми сокинони шаҳр, баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади иҷрои босифату саривақтии Амру Фармонҳо ва инчунин дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода як силсила корҳои назарраси созандагиро роҳандозӣ намуда истодааст. Давраи сипаригаштаи соли ҷорӣ, соли ифтихормандӣ ба ҳисоб рафта, бо ибтикори Сарвари кишварамон, Пешвои муаззами миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аввалин маротиба ба таҷлили Иди Наврўзи байналмиллалӣ Сарони давлатҳои ҳамсояи дўсту бародар Қирғистон ва Ўзбекистон ташриф оварда, барои таҳкими пояҳои дўстию муносибатҳои мутақобилаи сулҳпарварӣ асоси дурбинонаи таърихӣ гузоштанд.
Таъкид шуд, ки сарфи назар аз ҳассосии ҷаҳонишавӣ, дар натиҷаи дарёфти захираҳои иловагӣ ба мо имконпазир гашт, ки солҳои 2024 ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ рушди бонизоми иқтисодии шаҳр ҳамчун қисми таркибии иқтисодиёти кишварамонро сифатнок таъмин намуда, чун солҳои пешина бо дастовардҳои назаррас натиҷабардорӣ намудем.
Бо мақсади тақвияти ҳадафи саноатикунонии босуръат дар шаҳр корҳои пурмаҳсул ба роҳ монда шуд, ки дар натиҷа аз ҷониби корхонаҳои калону хурд дар соли 2024 – ум зиёда аз 2,3 миллиард сомонӣ ва дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 421,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуда он нисбат ба давраҳои пешина афзоиш ёфтааст. Аз миқдори маҳсулотҳои истеҳсолгардида дар ин марҳила 504,6 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шудааст, ки он сол аз сол таъмин гардида истодааст.
Дар ин давра аз ҷониби 110 адад корхонаҳои хурду калон ба маблағи зиёда аз 1,1 миллиард сомонӣ маҳсулотҳои воридотивазкунанда истеҳсол гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 105,4 млн. сомонӣ зиёд шудааст.
Дар раванди рушду инкишофи ин соҳа дар соли сипаригашта ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ бо ҷалби зиёда аз 44,0 миллион сомонӣ сармояҳо 61 адад корхонаҳои нави истеҳсолии хурд таъсис дода шуда, ҳамзамон 1031 ҷойҳои нави корӣ зиёд шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки дар натиҷаи самаранок ба роҳ мондани тарзи нави интиқоли биллингӣ ба муштариёни шаҳр пардохти маблағи истифодаи нерўи барқ сари вақт таъмин шуда, талафот бошад, 7,8 фоизро ташкил намудааст. Вобаста ба масъалаҳои ворид намудани таъғиру иловаҳо дар самти интиқоли барқ боз муфассал истода мегузарем.
Новобаста, аз таъсири хатарҳои бўҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, дар дигар сектори реалии иқтисодиёти шаҳр низ, нишондиҳандаҳои асосӣ пурраю барзиёд таъмин гардида, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми корҳои пудратӣ 173,1 миллион сомонӣ ё 243,9 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 440,1 миллион сомонӣ ё 100,1 фоиз, ҳаҷми муомилоти гардиши мол 1,3 миллиард сомонӣ ё 127,0 фоиз, содироти молҳо 13,6 миллион доллари амрикоӣ ё 117,2 фоиз, воридоти молҳо 100,2 миллион доллари амрикоӣ ё 112,5 фоиз, сармоягузорӣ 15,5 миллион доллари амрикоӣ ё 109,2 фоиз, шумораи кашонидани бор 1,3 миллион тонна ё 150,1 фоиз, мусофиркашонӣ 26,2 миллион нафар ё 128,6 фоиз ва музди миёнаи маоши кормандон 2 ҳазору 681,2 сомонӣ ё 122,1 фоизро ташкил дод.
Баҳри ташаккули буҷет чораҳои амалигашта имкон дод, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ нақшаи қисми даромади буҷети умумӣ 105,5 фоиз, ё 11,9 миллион сомонӣ ва буҷети маҳаллӣ 102,8 фоиз, ё 2,6 миллион сомонӣ аз нақшаҳои пешбинишуда барзиёд таъмин гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд доир ба пешвози арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд иттилоъ дода, афзуд, ки дар панҷ соли охир сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншооти ҳаётан муҳим ба нақша гирифта шуда, танҳо дар семоҳаи якуми соли 2025-ум 63 адади онҳо бунёд карда шудааст.
Боиси ифтихор аст, ки дар семоҳаи якуми соли 2025 дар доираи сафарҳои кории худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 3 адад иншооти ҳаётан муҳими шаҳр иштирок варзида, ба онҳо ҳусни оғоз бахшиданд.
Дар корҳои ободонию гулзоркунӣ саҳми соҳибкорону аҳолӣ низ, мунтазам фаъол гардида, дар мавзеъҳои шаҳр дарахтони ороишию мевадиҳанда ва ҳамешасабз, инчунин гулҳои ҳархелаи ороишию маҳаллӣ шинонида шуда, баҳри ҳусну таровати замонавӣ бахшидан ба кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр фурўзонакҳою равшанкунакҳои муосир насб карда шуда, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор карда шуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар баробари дастовардҳои ноил гардида, ҳамчунин таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаҳои ҳалталаби соҳаҳои алоҳида ҷалб намуда, аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки баҳри рафъи он камари ҳиммат басда, дар якҷоягӣ Ватани маҳбубамонро ободу хуррам намоем.
Сардори шуъбаи шаҳрии дар шаҳри Хуҷанд будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Меъроҷиддин Салимов дар баромади худ оид ба гаравидани наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракати экстремистию террористӣ, пешгирии фарҳанги бегона, ҷинояткорӣ ва ғайраҳо андешаронӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки зуҳуроти ташвишоваре, ки имрӯз як идда ҷавонони зудбовару гумроҳро фаро гирифтаву сӯи зулмот ва бераҳмиву ҷаҳолат мебарад, ин бо ҳар роҳу усул шомилшавӣ ба ҳизбу созмонҳои хусусияти экстремистидошта, гурӯҳҳои ҷангҷӯю тундрав мебошанд, ки имрӯз мусибати гаронеро ба сари мардум оварда, оромиву суботи ҷомеаро халалдор месозанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Барои бартараф намудани андешаю гумонҳои нораво, бо падидаҳои тундравӣ, ифротгароӣ бояд дар ҳамбастагии зич мубориза барем, чунки ин гуна нерӯҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд».
Парвариши боварӣ ба таассуб ва хурофотпарастӣ дар ҷомеаҳое сурат мегирад, ки ғояҳои мафкуравии заифӣ муайяни мафкуравӣ суҷуд дошта бошад. Таассуби динӣ дар муҳите рушд менамояд, ки ҷаҳонбинии илмӣ, дастовардҳои илм ва арзишҳои дунявӣ шадидан пахш гардида, дар ҷомеаи муҳити равонии маҳдуд дар омезиш бо эҳсосоти динӣ ба вуҷуд ояд. Рушди рӯҳию равонии аҳли ин ё он ҷамъият агар ҷанбаи созандагию бунёдкориро касб намояд, дар он ҷомеа ҷой барои таассуб боқӣ намемонад. Доман задани таассуби динӣ дар мамолики исломӣ дар баробари ифротгароӣ ва терроризм аз он дарак медиҳад, ки дин сарчашмаи ғоявии пурқудрати барои расидан ба ҳаргуна ҳадаф мебошад. Сарчашмаи ғоявии пурқудрати ислом метавонад ҳам созанда бошаду ҳам сӯзанда. Яке аз омилҳои пайдоиши ба истилоҳ «терроризми исломӣ», ки маргталабон анҷом медиҳанд, таассуби динӣ мебошад. Бояд таъкид намоем, ки ифротгароӣ, тундгароӣ ва терроризм аз таассуби динӣ сарчашма мегирад.
Сипас муовини прокурори шаҳри Хуҷанд Толиб Ҳоҷиев баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар барои зиёд кардани иқтидори истеҳсоли неруи барқ, мустаҳкам сохтани инфрасохтори низоми энергетикӣ, сарфаҷӯйӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ 36 лоиҳаи сармоягузории давлатиро ба маблағи 89 миллиард сомонӣ амалӣ намуд. Аз ҷумла, дар самти паст намудани талафоти неруи барқ 3 лоиҳа ба маблағи умумии 1,1 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, татбиқи боз 3 лоиҳаи дигар ба маблағи 2,9 миллиард сомонӣ идома дорад.
Соли 2024 дар соҳаи энергетика боз 11 созишномаи нав барои татбиқи 7 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 9,6 миллиард сомонӣ ба имзо расид, ки барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегии рушди иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд.
Чуноне, ки ҳамагон огоҳӣ дорем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ, ки 25 апрел дар Қасри миллат бо иштироки масъулини сохторҳои давлатӣ ва роҳбарони лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи энергетика доир гардид, таъкид намуданд, ки тафоти неруи барқ ва истифодаи ғайриқонунии он дар кишвар ташвишовар мебошад.
Танзими ҳуқуқии соҳаи энергетика ҳамчун воситаи асосии ба низом даровардани муносибатҳои байни ширкатҳои таъминкунандаи барқ ва истеъмолкунандагон хизмат мекунад. Бе мавҷудияти қонунгузории возеҳ ва ҷорӣ намудани ҷавобгарии ҳуқуқӣ, мубориза бо қонуншиканиҳо, мисли истифодаи худсарона, дуздӣ ва исрофи нерӯи барқ душвор мегардад. Дар шароити рушди босуръати иқтисоди миллӣ, истифодаи оқилонаи нерӯи барқ ва ҳифзи манфиатҳои шабакаҳои барқӣ, давлат ва аҳолӣ танҳо тавассути танзими мукаммали ҳуқуқӣ имконпазир аст. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд на танҳо маҳдудсозанда, балки ҳидоятгару танзимкунанда бошанд, ки шаффофият, адолат ва масъулиятро дар тамоми сатҳ таъмин намоянд. Аз ин рӯ, зарурати танзими ҳуқуқии соҳаи энергетика на танҳо бо назардошти ҳолатҳои қонуншиканӣ, балки ба хотири таъмин намудани рушди босубот, ҷалби сармоягузорӣ ва эътимоди ҷомеа ба низоми энергетикӣ ба миён меояд. Қонунгузории муосир ва муассир бояд ҷавобгӯи талаботи замон ва эҳтиёҷоти рушди кишвар бошад. Бо мақсади ба низом даровардани муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ва ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳои афзоянда, ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Махсусан дар моддаи 382, барои содир намудани амалҳои ғайриқонуние мисли истифодаи барқ бе ҳисобкунак, худсарона пайваст шудан ба шабакаҳо, дахолати ғайриқонунӣ ба таҷҳизоти ченкунӣ ва шикастани пломбаҳо, ҷазоҳои ҷиддӣ муқаррар шудаанд. Акнун шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва ҳуқуқӣ дар сурати содир кардани чунин кирдор ба ҷавобгарии маъмурӣ бо ҷаримаҳои калон ҷалб мегарданд.
Дар баробари ин, қонунгузори ҷиноятӣ низ пурзӯр карда шуд. Тибқи тағйироти воридшуда ба моддаи 253-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар шахс баъд аз ҷазои маъмурӣ боз ҳам чунин қонуншиканиро такрор намояд — аз ҷумла дахолати беруна ба ҳисобкунак, тағйири нишондоди он ё истифодаи ғайриқонунии барқ ин амал акнун ҳамчун ҷиноят ҳисобида мешавад. Барои чунин кирдорҳо ҷаримаҳои калон ва ҳатто маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол пешбинӣ гардидааст.
Дар ҷараёни мулоқот сокинони маҳаллаҳои “Суғдиён”, “Сайҳун” ва “Сирдарё” доир ба мушкилоти ҷойдошта, корҳои ободонию созандагӣ ва масоили матраҳгардида фикру андешаҳои хешро баён дошта, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки дар ободонии маҳалли зист бетараф набошем. Ҳар як шахси баору номус хонаю дар, кӯча ва маҳаллаи худро обод намояд, дар маҷмуъ шаҳр зебою мунаввар мегардад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...