06 Май 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар маркази шаҳри Хуҷанд, дар кўчаи академикон Солеҳ ва Зариф Раҷабовҳо филиали тарабхонаи амрикоии зудхизматрасони KFC бунёд шуда истодааст ва эҳтимолан то рӯзҳои таҷлили 34 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.
Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо раванди бунёди ин тарабхонаи брендӣ аз наздик шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки иншоот дар масоҳати 500 метри мураббаъ бунёд шуда истодааст ва беш аз 30 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ корҳои сохтмониро анҷом дода истодаанд. Иншоот аз ду ошёна иборат мебошад ва зимни сохтмони он тамоми имконоти муосири хизматрасонӣ пешбинӣ гардидааст.
Баъди истифода додани он 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар як вақт ба 350 нафар мизоҷон хизмат раоснида мешавад.
Ин аввалин тарабхонаи брендӣ дар шаҳри Хуҷанд буда, то ба имрӯз даҳ адад дар шаҳри Душанбе ва як адад дар шаҳри Ваҳдат филиалҳои тарабхона ифтитоҳ гардидаанд.
Дар ин тарабхона асосан тамоми хӯрокҳои зудпаз аз гӯшти мурғ, ки дар тамоми ҷаҳон машҳур буда, тамъи хосса доранд, омода карда мешаванд. Аз ин пас сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд имкон доранд, то дар тарабхонаи наву замонавӣ ба истеъмоли хӯроки табъи дил машғул шаванд.
Филиали тарабхонаи амрикоии зудхизматрасони KFC ҷавонони аз 18-40 соларо бо маоши аз 3000 -5000 сомонӣ ба кор қабул менамояд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд