10 Апрел 2025
Устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳокӣ бо шукргузорӣ аз сулҳу Ваҳдати миллӣ, фазои орому осоиштаи кишвар Наврӯзи байналмилалро дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намуданд.
Нахуст донишҷӯён бо намоиш додани бозиҳои миллӣ, оростани дастархони наврӯзии фарогир бо ҳафт сину ҳафт шин ва ҳафт мим, таъомҳои миллӣ аз таърихи имрӯзу гузаштаи Наврӯз маълумот доданд.
Донишҷӯдухтарон маҳсули дӯхти ҳунарҳои мардумии хешро ба маърази тамошо гузошта, онро муаррифӣ намуданд. Гулдухтарон дар намоиши либосҳои мӯди миллӣ фаъол буданд.
Композиятсияи адабӣ- фарҳангӣ доир ба таърихи Наврӯз намоиш дода шуд.
Директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд н.и.т. Амирҷон Нурзода донишҷӯён ва устодонро бо Наврӯзи хуҷастапай табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки Наврӯз таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, ки далели қадимӣ будани миллати тоҷик мебошад. Наврӯз ҷашни баробарии инсоният, оини дӯстиву самимият, таҳаммулгароӣ ва аз дилҳо берун андохтани кинаву адоват буда, ҷашни зебоиву накўӣ, шукуфоиву арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ мебошад.Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯза дониста шудааст. Чи хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ифода кардаанд, «Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст».
Зикр гардид, ки Наврӯз дар давоми таърихи чандинҳазорсолаи хеш бурду бохтҳои зиёдеро аз сар гузаронида, ҳамчун рамзи безаволи тамаддуни ориёӣ бо мазмуну мӯҳтавои зиндагисози худ то имрӯз ҳангоми аз бурҷи Ҳут ба бурҷи Ҳамал ворид шудани офтоб ва фарорасии рӯзи эътидоли баҳорӣ бо номҳои иди рӯзи нав, оғози сари сол, эҳёи табиат ва бедории замин аз канораҳои Вароруд то Халиҷи Форс ҷашн гирифта мешавад.
Сипас ба як қатор фаъолон Сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Барномаи фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд