10 Апрел 2025
Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Раиси вилояти Суғд ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд бо мақсади тарғиб ва ташвиқи анъанаҳои миллӣ, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ Фестивал-озмуни шаҳрии “Беҳтарин армуғон" баргузор шуд.
Бахтиёр Боқизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд дар Фестивал-озмуни шаҳрии "Беҳтарин армуғон", ки дар майдони назди Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, иштирок намуд.
Таъкид шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёмҳои худ, ки ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа мегардад, ҷиҳати масъалаҳои шуғли аҳолӣ таъкид менамоянд, ки Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, шаҳрвандонро бо шуғли доимӣ таъмин намояд.
Дар Паёми соли 2024 Президенти кишвар Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки то соли 2026 шаҳрвандони аз 18 соло болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб карда, ҷиҳати саросар соҳибкасб гардидани аҳолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд ва дар панҷ соли оянда як миллион нафар шаҳрвандони кишвар бояд соҳибкасб гарданд. Илова бар ин, зарур аст, ки сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар карда шуда, ихтисосу ҳунарҳое, ки барои бозори меҳнат заруранд, таъсис дода шавад ва ҷиҳати бо шуғл таъмин намудани сокинони мамлакат, ба хусус ҷавонон ва занону бонувон, тадбирҳои қатъӣ роҳандози карда шавад.
Ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват симу зар иваз кардану харидан номумкин аст.
Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидарӯҳ мегардонад.
Дар шаҳри Хуҷанд ҳунарҳои рассомӣ, кашидадӯзӣ, қуроқбофӣ, атласу адрасбофӣ, кундалнигорӣ ва наққошӣ, кулолгарӣ ва аъҷубасозӣ, коргардӣ санг, чарм ва чӯб, нонпазӣ ва хӯрокворӣ, бофандагӣ ва дӯзандагӣ, мисгарӣ, заргарӣ, оҳангарӣ амал карда истодаанд.
Дар Фестивал-озмуни шаҳрии "Беҳтарин армуғон" ҳамаи ҳунармандони забардасти шаҳр ҷалб гардидаанд ва маҳсули ҳунарҳои худро пешкаши аъзоёни ҳакамон ва томошобинон гардониданд.
Интизор меравад, ки ҳайати комиссия беҳтарин ҳунармандонро дар ин озмун муайян ва онҳоро қадршиносӣ хоҳад намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд