09 Апрел 2025
Дар МТМУ №7, 8 ва 14-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии хонандагон даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.
Таъкид шуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардида, аз ҷониби аҳолӣ ҳамовозӣ пайдо намудааст. Ҳадаф аз пешниҳоди ин асарҳо ва мутолиаи он, пеш аз ҳама, он аст, ки насли ҷавони мо бояд огоҳ бошад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ гуна мардуми парокандаро сарҷамъ намуда, сулҳу суботро дар мамлакат пойдор намуданд. Насли ҷавон бояд донад, ки сарзамини аҷдодӣ чӣ гуна қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, барои ободиву пешрафти мамлакат ҷаҳду талош намояд.
Зикр гардид, ки баргузории озмун иқдоми саривақтии Президенти мамлакат дар самти китобхон шудани сокинони мамлакат мебошад. Зеро он таваҷҷуҳе, ки аҳли ҷомеа имрӯз ба китоб дорад, чанд сол қабл набуд. Сарвари давлат имрӯз анъанаи китобхониро дар байни ҷомеа дубора эҳё намуданд. Ин иқдоме аст, ки тавассути он ҳар сокини мамлакат метавонад бо фарҳангу тамаддун ва таърихи гузаштаи худ шинос шавад.
Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён бо дастури бевоситаи Роҳбари давлат ба Низомномаи озмун дар соли 2025 навгониҳо ворид карда шуд.
Ҳамин тавр, вобаста ба иштирокдорони озмун маҳдудиятҳо бартараф карда шуда, минбаъд дар озмуни мазкур дар баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз он ҷумла тамоми тоҷикони ҷаҳон ва ҳамватанони бурунмарзӣ низ метавонанд фаъолона иштирок намоянд.
Бар замми ин, мукофотпулӣ барои ғолибони озмун ду баробар зиёд карда шуда, маблағи умумӣ барои баргузорӣ ва қадршиносии ғолибони озмун 6 670 000 (шаш миллиону шашсаду ҳафтод ҳазор) сомониро ташкил медиҳад ва мутаносибан барои ғолибони ҷойи сеюм 40 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ муқаррар мегардад.
Мукофотпулӣ барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки шогирдонашон дар озмун ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоизаро мегиранд, 20 ҳазор сомонӣ муқаррар карда мешавад.
Ҳамчунин хонандагон ва донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимӣ дар гурӯҳҳои пулакӣ таҳсил мекунанд, дар сурати дар даври ҷумҳуриявии озмун сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва ё Шоҳҷоиза гардидан, ба гурӯҳи ройгони таҳсил гузаронида мешаванд.
Хонандагони МТМУ №7, 8 ва 14-и шаҳри Хуҷанд дар даври муассисавии озмун фаъолона ширкат варзиданд ва беҳтаринҳо ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд