08 Апрель 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар маҷлисгоҳи хурди Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсози пешгирӣ ва мубориза ба вируси норасоии масъунияти одам бо иштироки масъулини дахлдор баргузор шуд.
Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки баҳри пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масъунияти одам, бемории пайдошудаи норасоии масъуният (БПНМ), сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 33 соли охир якчанд барномаҳои миллӣ ба тасвиб расонида шуд, ки бисёри онҳо дар амал ҷорӣ карда шуда, қайди гирифторони ВНМО ва сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.
Ҳоло дар назди ҳамаи муасиссаҳо, ташкилотҳо, идораҳо, кумитаҳо, Раёсатҳо амалигардонии “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масуният ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 “, Барномаи милли “Ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Стратегияи пешгирӣ, хуруҷ ва аз нав барангезиши интиқоли бемории вараҷа дар Чумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023”, ки бо Қарорҳои Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, яке аз вазифаи асоси ҳисобида мешавад.
Дар сатҳи шаҳри Хуҷанд бо мақсади амалигардонии ва иҷрои талаботи ин Барномаҳо, нақша чорабиниҳо барои солҳои 2021-2025 таҳия ва тасдиқ карда шудааст. Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Хучанд бо баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди кор ба кормандони соҳаи тиб пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Сипас дар ҷараёни кори ҷаласа директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масъунияти одам ва бемории пайдошудаи масуният дар шаҳри Хуҷанд М. Абулов, директори муассисаи давлатии Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар шаҳри Хуҷанд Р. Раҳимова, иҷркунандаи вазифаи директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ Машҳура Юсупова ва дигарон баромад намуданд.
Таъкид шуд, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи байнидавлатӣ, барои расидан ба ҳадафҳои назаррас, яъне паст кардани сироятёбӣ аз вируси норасоии масъунияти одам, пешгирӣ аз паҳншавии он дар сатхи Чумҳури, паст кардани қайди бемории сил ва роҳ надодон ба қайди бемории вараҷаи маҳаллӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуда истодааст ва дар ин самт корҳо боз ҳам ҷоннок карда шаванд.
Бо мубодилаи афкор ба кори ҷаласа ҳусни анҷом бахшида шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд