07 Апрел 2025
Сокинони биноҳои баландошёнаи рақами 67 ва 68-и микроноҳияи 13-уми маҳаллаи “Мевағул”-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки дар назди биноҳои худ майдончаи хурди футбол, баскетбол ва мавзеи фароғат барои пиронсолон сохта ба истифода диҳанд.
Сокинони маҳал ин ташаббуси худро ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саҳм гузоштан дар корҳои созандагию ободонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни фархундаи миллӣ — 35 — солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуданд.
Баъди ба истифода додани ин майдончаҳо наврасону ҷавонони ин хонаҳои баландошёна имкони баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзиширо пайдо намуда, дар ин ҷо ба машқу тамрин машғул мешаванд.
Пиронсолони ин биноҳо аз сохтмони мавзеи фароғат барои онҳо изҳори хушнудӣ намуда, ба Сарвари давлат барои зоҳир намудани чунин таваҷҷуҳу ғамҳорӣ изҳори сипос намуданд. Акнун онҳо дар ин ҷо ҷамъ омада, бо ҳамсолони худ суҳбат намуда, ба бозиҳои зеҳнӣ, аз ҷумла шоҳмот, шашка ва ғайра машғул шуда, хотири худро болида мегардонанд.
Алҳол корҳои ҳамворкунӣ ва сохтмонӣ дар ин мавзеъ оғоз гардидааст. Ҳамзамон аз ҷониби сокинон мошинсаройҳо рангубор гардида, ҳудуди он ба тартиб дароварда шуда истодааст. Якчанд дастгоҳои машқу тамрин насб гардидааст.
Истиқоматкунандагон изҳор доштанд, ки "Пешрафти Ватан аз ободии хонаи ҳар яки мо сар мешавад. Аз ин ру ҳар яки мо бояд дар рушду шукуфоии Ватанамон бо обод кардани хона, кӯча, маҳал ва ноҳияву шаҳрамон саҳм гузорем".
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд