07 Апрель 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар идомаи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи маҳаллаҳои 31, 32, 33 ва 34-уми шаҳр мумфарш карда мешавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба мумфаршкунии роҳи дохилии микроноҳияҳои 31, 32 ва 33 оғоз бахшида, ба масъулин барои бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонидани корҳои роҳсозӣ дастурҳои мушаххас доданд.
Дарозии умумии роҳе, ки мумфарш мегардад, 1650 метрро ташкил дода, он дар гузашта дар ҳолати ногувор қарор дошт. Бо мумфарш шудани роҳ мушкили ҳаракати нақлиёт ва сокинон ҳалли худро меёбад.
Корҳои мумфаршкунӣ аз ҷониби ширкати роҳсозии маҳаллӣ амалӣ шуда, ҷараёни иҷрои корҳо таҳти назорати бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва вилоят қарор дорад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд