11 Март 2025
Дар маҷлисгоҳи хурди Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд ба муносибати Иди матбуоти тоҷик бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиши идона баргузор гардид.
Ҷаҳонгир Салимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аҳли қалами вилоятро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои матбуоти тоҷик саҳифаи наверо боз кард. Дар ин давра, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд, барои ВАО ҳам давраи имкониятҳои нав ва ҳам давраи чолишҳои ҷиддӣ гардид. Маҳз бо иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат, дар кишвар заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти озоди матбуот фароҳам оварда шуданд. Қонунгузории миллӣ дар соҳаи ВАО такмил ёфта, ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуд. Ин раванд ба ташаккули фазои нисбатан озод ва гуногунандешии иттилоотӣ дар Тоҷикистон мусоидат намуд.
Имрӯзҳо, дар Тоҷикистон садҳо расонаҳои давлатӣ ва хусусӣ фаъолият доранд, ки манфиатҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеаро инъикос намуда, дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди маънавии ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд. Ин гуногунрангӣ ва фарогирии мавзуъҳо, аз масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ то фарҳангу варзиш, нишонаи рушди озодии матбуот дар кишвар аст.
Раиси муаззими ҲХДТ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳи доимӣ ба масъалаи озодии матбуот ва рушди ВАО, мунтазам бо намояндагони ин соҳа мулоқоту суҳбатҳо анҷом дода, бо таҳлилҳои амиқи бурду бохти соҳа ва фаъолияти рӯзноманигорон, доир ба ислоҳи камбудиҳо ва ба мардум расондани ҳадафҳои сиёсию стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳои муҳиму мушаххас медиҳанд. Пешвои миллат таъкид мекунанд: "Аз ҷониби давлату ҳукумат дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар доираи ислоҳоти бахшҳо барномаҳои давлатӣ таҳия гардидааст. Инъикоси ҷараёни татбиқи ин барномаҳо низ аз рӯзноманигорон масъулияти дигарро талаб мекунад.
Сипас, Илҳоми Ҷамолиён раиси бахши суғдии Иттифоқи журналистон ва Шоири халқии Тоҷикистон Толиб Карими Озарахш ҳамкасбонро бо Иди матбуоти тоҷик таҳният гуфтанд.
Аз ҷониби Ҷаҳонгир Салимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аҳли қалами вилоят ба як қатор рузноманигорон Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.