08 Март 2025
Субҳи имрўз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба муносибати Рӯзи модар ба манзили якчанд нафар бонувони собиқадори соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ва камбизоату беморон рафта, онҳоро аз номи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Рӯзи модар таҳният намуд.
Шаҳрдор зимни боздиди собиқадорони меҳнат ва ашхоси бемору танҳо, аз ҷумла Биқурбон Зиёбоева, Сафия Акрамова, Марҳамат Сайдуллоева, Раҳбар Тошматова, Мусаббеъ Атаева, Тӯтӣ Комилова, Сабоҳат Миркамолова, Мавҷуда Исматова ва дигарон онҳоро бо Рўзи модар таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш ёд медиҳад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад.
Таъкид шуд, ки нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандўстӣ, ифтихори миллӣ, инсондўстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат рўзи ҳаштуми мартро Рўзи Модар эълом доштаанд ва дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рўзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад.
Дар ин рўз ва ҳама рўз мо ба занону бонувон сано мегўем ва аз ҳастиашон меболем. Чуноне Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор кардаанд, зан на танҳо модар ва танзимгари низоми хонавода, балки омўзгор, мураббӣ, рўзноманигор, табиб, муҳандис, ҳунарманд, кадбону, соҳибкор, хизматчии давлатӣ, ҳомии қонун, сарбози ватан, бинокор, иқтисодчӣӣ ва амсоли он мебошад ва раванди босуръати ҷаҳонишавӣ зарурате пеш овардааст, ки дар мавриди низоми оиладорӣ низ босубот бошем, фарзандонро аз гаравиш ва майл ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ эмин нигоҳ дорем ва барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон ононро ба таври шоиста тарбия намоем. Дар ин кор, албатта, саҳму заҳмати модарони гиромӣ, устодон, омўзгорону мураббиён бояд аз буда бештар бошад.
Аёдатшудагон Биқурбон Зиёбоева, Сафия Акрамова, Марҳамат Сайдуллоева, Раҳбар Тошматова, Мусаббеъ Атаева, Тӯтӣ Комилова, Сабоҳат Миркамолова, Мавҷуда Исматова ва дигарон аз ин таваҷҷуҳи шаҳрдорӣ болида гардида, ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхории доимӣ ва таваҷҷуҳи бемислашон нисбати модарони Тоҷикистон арзи миннатдорӣ намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд