07 Март 2025
Дар гимназияи хусусии “Ганҷ” чорабинии тарбиявию идона бахшида ба Рӯзи модар баргузор шуд.
Хонандагон бо таҳияи барномаи композитсионӣ доир ба нақши модар, бузургии зан дар ҷомеа ва хидмати фарзанда ба модар шеъру суруд ва саҳнаҳои ҷолиб ба ҳозирин пешкаш намуданд.
Таъкид шуд, ки мо, фарзандон чӣ қадаре, ки ба модар хизмат накунем, ҳатто якшаба ранҷи шабзиндадориҳои ӯро ҷуброн карда наметавонем. Модар барои фарзанд дарҳои илму маърифатро боз мекунад, яъне аввалин омӯзгори фарзанд мебошад, ба хотири орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат беминнат талош меварзад.
Аз ин рӯ, модар барои фарзанд ҳам умеду орзу, ҳам қалбу рӯҳ, ҳам дармони ҷисму ҷон, яъне меҳрубонтарину ғамхортарин ва муқаддастарин шахс мебошад. Беҳтарин туҳфа барои модар на гулу гулдаста, на молу сарвати дунё, балки хушбахтиву саломатии фарзанд ва як меҳрубониву навозиши ӯ мебошад.
Файзуллоҷон Файзиев, муассисаи гимназияи хусусии “Ганҷ” ба сифати баргузории чорабинӣ баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш ёд медиҳад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад. Яъне дар замири фарзанд тарбия кардани эҳсоси садоқату самимият, некиву накӯкорӣ, хайру саховат ва ташаккули маънавии наслҳо натиҷаи заҳмати шабонарӯзии модарони мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубон мебошад. Модар шахсест, ки шабу рӯз ба хотири роҳату осоиши тифлаш заҳмат мекашад ва намегузорад, ки фарзанди ӯ ранҷу озоре бинад. Вай ҳамеша дар талош аст, ки фарзандаш солиму бардам ба камол расад, соҳиби одобу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар гардад ва дар оянда ба ҷомеа хизмати шоиста намояд.
Зикр гардид, ки дар шуури насли наврас ташаккул додани эҳсоси муҳаббат ба донишу маърифат, одобу ахлоқ, нангу номус ва ватандӯстиву заҳматкашӣ, қабл аз ҳама, хизмати модар мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, ҳар як фард модарро мисли ҷони худ ва ҳамчун зиннату сафои зиндагӣ дӯст медорад, а-зиз мешуморад ва ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меорад. Модар, дар ҳақиқат, сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба шумор меравад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд