07 Март 2025
ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ ЗАНОН ҲАМЕШАГИСТ
Сокинон ва меҳмонони Хуршедшаҳри бостонӣ, модарону хоҳарон ва бонувони арҷманд!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, ки «... Дар фарҳангу тамаддуни мо, тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад.
Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ боло рафтааст. Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро занон ташкил медиҳанд”.
Пешвои миллат зимни ироаи Паём хотиррасон шуданд, ки нўҳуми марти соли гузашта, бо аҳли ҷомеа ва ходимони дин мулоқот карда, “...бори дигар андешаҳои худро оид ба мазмуну моҳият ва зарурату манфиати қабули қонунҳои миллӣ – «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кўдак» муфассал баён кардам. Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд. Зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму ойинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд”.
Бале, нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандўстӣ, ифтихори миллӣ, инсондўстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат рўзи ҳаш-туми мартро Рўзи Модар эълом доштаанд ва дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рўзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад..
Дар ин рўз ва ҳама рўз мо ба занону бонувон сано мегўем ва аз ҳас-тиашон меболем. Бо эҳтирому сипоси зиёд аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кулли модарону бонувони ин шаҳри азизро шодбод мегўем ва барои хидматҳои шоиставу шабзиндадориҳояшон сари таъзим фуруд меорем.
Чуноне Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор кардаанд, зан на танҳо модар ва танзимгари низоми хонавода, балки омўзгор, мураббӣ, рўзноманигор, табиб, муҳандис, ҳунарманд, кадбону, соҳибкор, хизматчии давлатӣ, ҳомии қонун, сарбози ватан, бинокор, иқтисодчӣӣ ва амсоли он мебошад ва раванди босуръати ҷаҳо- нишавӣ зарурате пеш овардааст, ки дар мавриди низоми оиладорӣ низ босубот бошем, фарзандонро аз гаравиш ва майл ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ эмин нигоҳ дорем ва барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон ононро ба таври шоиста тарбия намоем. Дар ин кор, албатта, саҳму заҳмати модарони гиромӣ, устодон, омўзгорону мураббиён бояд аз буда бештар бошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии занони ҳунарманд ҳар сол Грантҳо таъсис медиҳанд ва тайи солҳост, ки ин иқдомро Раиси вилояти Суғд Раҷаббоӣ Аҳмадзода ва мо пайравӣ карда истодаем.
Стратегия ва Барномаҳои давлатӣ низ ҳама барои беҳбуд бахшидан ба зиндагӣ ва фаъолияти занону бонувон ва духтарон нигаронида шудаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бори дигар тамоми занону модаронро ба муносибати Рўзи Модар самимона табрик гуфта, бароятон офияти умр, зиндагии босаодат, хонаободӣ, хотири ҷамъ, дили саршор аз меҳру муҳаббат ва дар тарбияи фарзандони ватандўсту ватанпарвар, хушахлоқу намунавӣ тавфиқу комёбиҳои зиёд орзу мекунад.
Рўзи Модар – Рўзи гиромидошти муҳаббатҳову заҳматҳои бешумори Модар муборак, ҳамватанони азиз!