(2 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСубҳи имрӯз, санаи 30-юми январи соли ҷорӣ бахшида ба Ҷашни Сада бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, муовинони Раиси вилоят, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва меҳмонон дар назди Театри ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят чорабинии идона ва намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ, кӯчати гулу гулбуттаҳо ва тухмии зироатҳои кишоварзӣ баргузор шуд.

Нахуст Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати ҳамроҳонаш аз хаймаҳои идонае,ки ба муносибати ҷашни Сада аз ҷониби шаҳру навоҳии вилоят ташкил шуда буд, шинос гардиданд. Дар хаймаҳо дастоварди хоҷагии халқи шаҳру навоҳӣ бо фарҳангу расму оин муаррифӣ карда шуд.
Раиси вилоят кулли сокинони вилоятро ба муносибати фарорасии ҷашни Cада табрик гуфт ва рўзгори ободро таманно намуд.
Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада дубора эҳё гардид.
-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ хеле бамаврид таъкид доштанд, ки “Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд”. Пешниҳоди Пешвои миллат дар мавриди ворид гардидани ин ҷашни мубораки миллии мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО итминон мебахшад, ки чун истиқболи самимонаи Наврўзи Аҷам, бо маҷмўи фазилатҳои барҷаставу наҷиби хеш Сада ба истиқболи самимонаи мардуми олам рў ба рў гардида, минбаъд низ дар тарғиби бузургтарин фазилатҳои ахлоқӣ дар миёни ҷаҳониён таъсири пурфайзе мегузорад, - таъкид намуд Раҷаббой Аҳмадзода.
Зикр гардид, ки Ҷашни Сада аз қадимулайём бо табиат, заминдорӣ ва касбу кори гузаштагонамон пайванди қавӣ дошта, ҳамчун ҷузви фарҳанги маънавии халқи тоҷик дар тӯли қарнҳо барои муаррифии мардуми соҳибтамаддуну куҳанбунёдамон ва ҳифзи беҳтарин арзишу суннат ва расму ойинҳои миллӣ нақши арзишманд гузоштааст.
Дар ин бора, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Ниёгони ориётабори мо ҳанӯз беш аз шаш ҳазор сол қабл аз ин бо ҳунармандиву косибӣ, истеҳсоли ашёи зарурии рӯзгор ва корҳои кишоварзиву боғдорӣ машғул будаанд. Онҳо барои ҳар як фасли сол иду маросим ва одатҳои махсус доштаанд, ки ҳама бо табиат, заминдорӣ ва касбу кори гузаштагонамон пайванди мустаҳкам дошта, аз ҷониби хурду бузург таҷлил мегардиданд. Ҷашни Сада яке аз ҳамин ойинҳои басо деринаи мардуми мо мебошад».
Тибқи тақвими суннатии тоҷикон чиллаи калон аз 22-юми декабр оғоз шуда, шаби даромадани чилларо гузаштагони мо бо номҳои «Шаби чилла» ва «Шаби ялдо» ҷашн мегирифтанд ва баъди тамом шудани чиллаи калон, ки ба 30 январ рост меояд, ҷашни Садаро таҷлил мекарданд. Ин ойин маънои онро дошт, ки даврони сардӣ ба поён расида, мавсими баҳор ва оғози киштукор наздик мешавад. Ба ин маънӣ, Сада рамзи пирӯз омадани гармиву равшанӣ бар сардӣ ва торикӣ маҳсуб шуда, рамзи асосии он — манбаи равшанию нур, яъне оташ мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати амалӣ сохтани ҳидоятҳои Пешвои миллат дар самти эҳёи суннат ва оинҳои куҳани таърихӣ, аз ҷумла ҷашни Сада тадбирҳои амалӣ меандешад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...