29 Январ 2025
Дар асоси нақша-чорабиниҳои Шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд бо мақсади беҳдошти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, пешгирии ҳодисаҳои нохуши роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакон, вазнинии оқибатҳои онҳо, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва тарғиби корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба қоидаи ҳаракат дар роҳ МТТ №27-и шаҳри Хуҷанд машғулияти кушоди "Кӯчаи мо ва нозири роҳ” бо роҳбарии мураббияи омодагӣ ба мактаб Гулшан Пардаева гузаронида шуд.
Дар машғулият кӯдакон доир ба аломатҳои роҳ шеъру суруд ва гуфторҳо қироат анмуданд. Мураббия кӯдаконро бо нозири роҳ шинос намуда, оид ба фаъолияти рӯзмарраи нозири роҳ маълумоти муфассал дод. Аз тарафи ноири роҳ ба кӯдакон қоидаи роҳ амалан нишон додашуд.
Машғулият аз ҷониби нмояндагони сардори ШБДА шаҳри Хуҷанд Зокир Шарифзода, намояндаи ШБДВ РВКД ҶТ дар вилояти Суғд Ҷаҳонбин Ҳакимзода ва шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Туҳфа Мамадҷонова мушоҳида намуда, ба сатҳи баргузории машғулият баҳои баланд доданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд