29 Январ 2025
Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати идома додани фаъолияти тарғиботию фаҳмондадиҳӣ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон, гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ ва анъанаҳои номатлуб санаи 28.01.2025 сол дар МТМУ №5-и шаҳри Хуҷанд бо ҷалби омӯзгорон, волидон ва хонандагон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини Раиси шаҳр Муяссара Қаҳҳорӣ, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Олимҷон Сабуров, намояндаи бахши занон ва оила М. Қурбонова, намояндаи бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд М. Авезова, намояндагони ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд М. Пардаев, Б. Пирзода ва намояндаи Маркази саломатии шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ҷӯраева иштирок ва доир ба мавзуоти рӯзмарраи ҷомеа изҳори андеша намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд