29 Январ 2025
Бо мақсади беҳдошти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, пешгирии ҳодисаҳои нохуши роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакон, вазнинии оқибатҳои онҳо, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва тарғиби корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба қоидаи ҳаракат дар роҳ МТТ №13-и шаҳри Хуҷанд машғулияти кушоди "Кӯчаи мо ва нозири роҳ” бо роҳбарии мураббияи омодагӣ ба мактаб Насиба Олимова гузаронида шуд.
Дар машғулият кӯдакон доир ба аломатҳои роҳ шеъру суруд ва гуфторҳо қироат намуданд. Мураббия кӯдаконро бо нозири роҳ шинос намуда, оид ба фаъолияти рӯзмарраи нозири роҳ маълумоти муфассал дод. Аз тарафи нозири роҳ ба кӯдакон қоидаи роҳ амалан нишон додашуд.
Машғулият аз ҷониби сардори ШБДА шаҳри Хуҷанд Зокир Шарифзода, намояндаи ШБДА РВКД ҶТ дар вилояти Суғд Ҷаҳонбин Ҳакимзода ва шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Туҳфа Мамадҷонова, Музаффархон Эшонов мушоҳида ва оид ба сатҳи баргузории машғулият баҳои баланд дода шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд