29 Январ 2025
Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати идома додани фаъолияти тарғиботию фаҳмондадиҳӣ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон, гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ ва анъанаҳои номатлуб дар гимназияи № 4-и шаҳри Хуҷанд бо ҷалби омӯзгорон, волидон ва хонандагон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини Раиси шаҳр Муяссара Қаҳҳорӣ, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Олимҷон Сабуров, мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафурзода ва мудири шуъбаи маориф Шаҳноза Мақсудзода иштирок намуда, доир ба мавзуъоти рӯзмарраи ҷомеа изҳори андеша намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд