(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки зиёда аз 40 нафар рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024 сурат гирифт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода доир ба нишондиҳандаҳои фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр давоми соли 2024 иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар соли сипаригашта баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади иҷрои босифату саривақтии Амру Фармонҳо ва инчунин дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода як силсила корҳои назарраси созандагиро роҳандозӣ намуд. Бояд зикр намуд, ки дар давраи ҳассоси ҷаҳонишавӣ ва дар натиҷаи дарёфти захираҳои иловагӣ ба мо имконпазир гашт, ки рушди бонизоми иқтисодии шаҳр ҳамчун қисми таркибии иқтисодиёти кишварамон сифатнок таъмин карда, давраи ҳисоботиро бо дастовардҳои назаррас натиҷабардорӣ намоем.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади тақвияти ҳадафи саноатикунонии босуръат дар шаҳр корҳои пурмаҳсул ба роҳ монда шуд, ки дар натиҷа аз ҷониби корхонаҳои калону хурд 2 миллиарду 30,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли 2023-юм 119,3 миллион сомонӣ зиёд шудааст. Аз миқдори умумии маҳсулотҳои истеҳсолгашта 416,0 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар содир шуда, 110 корхонаҳо маҳсулотҳои воридотивазкунанда ба маблағи 894,0 миллион сомонӣ истеҳсол карданд, ки ин нишондиҳанда 110,0 фоизро ташкил додааст.
Фирдавс Шарифзода гуфт, ки дар раванди рушду инкишофи ин соҳа бо ҷалби зиёда аз 36,5 миллион сомонӣ сармояҳо, 48 адад корхонаҳои нави истеҳсолии хурд бо 966 ҷойи корӣ таъсис дода шуд, ки он боиси зиёд шудани иқтидори истеҳсолии соҳа ба маблағи 7,5 миллион сомонӣ гаштааст. Дар навбати худ соли сипаригашта тамоми корхонаҳои шаҳр фаъолияташонро самаранок ба роҳ монда нерўи барқро сарфакорона истифода бурдаанд, ки дар натиҷа талафоти барқ то ба 7,2 фоиз поён рафта, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафи стратегӣ - Истиқлолияти энергетикӣ замина гузошта истодааст.Сарфи назар аз хатарҳои бўҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, дар дигар сектори реалии иқтисодиёти шаҳр низ, нишондиҳандаҳои асосӣ пурраю барзиёд таъмин гардида, ҳаҷми корҳои пудратӣ 650,8 миллион сомонӣ ё 189,7 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 1,8 миллиард сомонӣ ё 102,4 фоиз, ҳаҷми муомилоти гардиши мол 5,3 миллиард сомонӣ ё 120,5 фоиз, воридоти молҳо 403,5 миллион доллари амрикоӣ ё 137,1 фоиз, сармоягузорӣ 54,2 миллион доллари амрикоӣ ё 119,4 фоиз, шумораи кашонидани бор 4,3 миллион тонна ё 137,5 фоиз, мусофиркашонӣ 99,4 миллион нафар ё 125,3 фоиз ва музди миёнаи маоши кормандон 2 ҳазору 402,8 сомонӣ ё 110,6 фоизро ташкил додааст.
Шаҳрдор гуфт, ки самаранок истифода бурдани имкониятҳои иловагии тамоми соҳаҳо баҳри ташаккули буҷет имкон дод, ки нақшаи қисми даромади буҷети умумӣ 112,2 фоиз ё 84,4 миллион сомонӣ ва буҷети маҳаллӣ 107,5 фоиз ё 23,3 миллион сомонӣ аз нақшаҳои пешбинишуда барзиёд таъмин гардид.
Дастовардҳои ба дастоварда ба мо имкон дод, ки 37,0 миллион сомонӣ маблағи зиёдшавии музди маош ва нафақа таъмин карда шуда, аз ин ҳисоб қарздорӣ ва ё қафомонии пардохти музди меҳнат ҷой надорад.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд, дар панҷ соли минбаъда сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншоотҳои ҳаётан муҳим ба нақша гирифта шуда, танҳо дар соли 2024-ум 319 адади онҳо бунёд карда шуда, иҷроиши нақшаи солона 167,9 фоиз ва иҷроиши нақшаи умумӣ 76,0 фоизро ташкил дод.
Раиси шаҳр гуфт, ки боиси ифтихор аст, ки соли 2024 дар доираи сафарҳои кории худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 13 адад иншоотҳои ҳаётан муҳими шаҳр иштирок варзида, ба онҳо ҳусни оғоз бахшиданд.
Дар корҳои ободонию гулзоркунӣ саҳми соҳибкорону аҳолӣ низ, мунтазам фаъол гардида, дар мавзеъҳои шаҳр дарахтони ороишию мевадиҳанда ва ҳамешасабз, инчунин гулҳои ҳархелаи ороишию маҳаллӣ шинонида шуда, баҳри ҳусну таровати замонавӣ бахшидан ба кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр лампаҳо, чароғакҳою фурўзонакҳо ва равшанкунакҳои муосир насб карда шуда, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор карда шуданд.
Дар ин раванд 52,6 км роҳҳои мавзеъи шаҳр мумфаршу таъмири асосӣ гузаронида шудаанд, ки он нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 108,5 фоизро ташкил додааст.
Бо кўмаку дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, соҳили рости дарёи Сир ба мавзеи сайру гашт ва истироҳати замонавии сокинону сайёҳон табдил гашта, ҳоло дар ин самт корҳо давом доранд.
Шаҳрдор гуфт, ки дар ин давра баҳри дастгирии иҷтимоии ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат 8100 оилаҳо аёдат карда шуда, ҷиҳати беҳтар кардани шароити манзилии шаҳрвандони эҳтиёҷманд, дар давраи ҳисоботӣ 16 нафар оилаҳои эҳтиёҷманд бо манзили истиқоматӣ таъмин карда шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат таваҷҷўҳи бештар зоҳир гардида, соли сипаригашта муассисаҳои ин соҳаҳо барои ба талаботи муосир ҷавобгў будан, бунёду азнавсозӣ ва таъмиру таҷдид гардиданд. Ҳамзамон дар 4 муассисаҳои таълимии шаҳр, аз ҷумла, гимназияҳои №1 ва 4, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №7 ва 14-и шаҳр баҳри бунёди биноҳои иловагии таълимӣ санги асос гузошта шуд, ки он пурра бо саҳми соҳибкорон сохта мешавад. Бояд қайд намуд, ки баъди истифодадиҳии ин биноҳои таълимӣ беш аз 5000 адад ҷойи нишасти хонандагон фароҳам оварда мешавад. Ғайр аз ин сохтмони боз 4 адад кӯдакистони нави замонавӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бомаром идома дорад, ки соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Фирдавс Шарифзода гуфт, ки ҷиҳати иҷрои Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 дар 52 муассисаҳои таълимӣ 86 кабинетҳои фаннӣ, 2580 адад компютер, 365 адад принтер, 441 проектор ва 375 адад тахтаи электронӣ таъмин карда шудааст.
Ҷавобан ба ин ғамхориҳо толибилмони шаҳр бо ҳисси баланди завқу шавқи донишомўзӣ дар олимпиадаҳои гуногуни фаннии сатҳи баланд иштирок намуда, танҳо дар давраи ҳисоботӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ – фаннӣ 475 нафар ва дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ 90 нафар ба ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардида, 5 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр бо гирифтани аттестати аъло бо медали тилло хатм намуданд.
Ҳамчунин баҳри рушди маънавию фарҳангии ҷомеа дар шаҳр 278 адад чорабиниҳои гуногун доир гардид, ки дар он зиёда аз 81,0 ҳазор нафар сокинону 35,0 ҳазор нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ иштирок намуданд.
Дар баробари дастовардҳои ноил гардида, дар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ҳоло масъалаҳои ҳалталаб ҷой доранд ва мо бо истифода аз тамоми имкониятҳо баҳри ҳалли онҳо чораҳои ҳамарўза меандешем.
Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода изҳор умедворӣ намуд, ки кулли сокинони шаҳр дар ин соли таърихӣ, бо руҳияи баланди созандагию ташаббускорӣ ва меҳнати софдилона баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода саҳми босазо мегузоранд.
Сипас дар қисмати саволу ҷавоб ба Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ҷониби рӯзноманигорон, аз ҷумла: Мирзоаъзам Мақсудов, рӯзномаи “Садои мардум”, Ҷовиди Аштӣ, рӯзномаи “Ҷумҳурият”, Мадина Поччоева, рӯзномаи “Даво”, Алишер Охунов, ОИ “Сугднюс”, Қамари Аҳрор, ОИ “Спутник”, Мафтуна Шукурова, ШТР “СМ-1”, Фарзон Муҳаммадӣ, радиои “Озодӣ”, Фарзона Муродӣ, ОИ “Азия плюс””, Фарзона Шамсиева “Пресса тҷ”, Раъно Муҳаммадова маҷаллаи “Кайҳон”, Афзал Босолиев “Азия”, Чаманоро Абдуллоева “Саломат бошед” ва дигарон доир ба самтҳои мухталифии хоҷагии халқи шаҳр, аз ҷумла, бунёди хонаҳои баландошёна, хизматрасонии коммуналӣ, тадбирҳои ободонӣ, фаъолияти муназзами нақлиёти мусофиркаш, ободонии маҳаллаҳо, маданияти шаҳрдорӣ, лоиҳаи “Шаҳри бехатар”, вазъи экологӣ, таъмини ҷойҳоинави корӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва ғайра саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас дарёфтанд.
Дар поёни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз рӯзноманигорон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар самти корҳои ободониву созандагӣ ва таъмини зиндагии шоиста барои мардум ҳамкории мутақобилаи судмандро ба роҳ монанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...