15 Январ 2025
Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати идома додани фаъолияти тарғиботию фаҳмондадиҳӣ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон, гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ ва анъанаҳои номатлуб санаи 14.01.2025 сол дар гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бо ҷалби омӯзгорон, волидон ва хонандагон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини Раиси шаҳр Қаҳорӣ Муяссара, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Олимҷон Сабуров, мудири бахши занон ва оила Манучеҳра Кенҷазода, мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосид Ғафурзода, намояндаи ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд, лейтенанти калони милитсия Ҷаҳонгир Ҳидоятов, намояндаи Маркази саломатии шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ҷӯраева ва мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Шаҳноза Мақсудзода иштирок ва доир ба мавзуъоти рӯзмарраи ҷомеа изҳори андеша намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд