13 Январ 2025
Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асри пешравии иттилоот, бархӯрди тамаддунҳо, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб ва «ҷанги сард», қарор дорад.
Мусаллам аст, ки дар чунин вазъи пешгуинашавандаи олам бедории мафкураи сиёсӣ ҷойгоҳи аввалро мегирад. Дар чунин вазъ агар шаҳрвандон маърифати зарурӣ, сатҳи баланди худшиносӣ надошта бошанд, дар байни онҳо ваҳдату якдилӣ таъмин намегардад, он вақт давлат таназзул ва миллат парокандаву нобуд мешавад. Кишвари мо дар саргаҳи соҳибистиқлолӣ ангезаи чунин ҳаводиси гӯшношунидро дар раги шараёни худ эҳсос намуд. Танҳо хиради волои халқ, пурсабриву тамкинӣ ва ҳисси баланди ватандории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, ки ба ҷанги бемаънӣ хотима гузорем.
Таърихнигорону коршиносони масоили сиёсӣ омилҳои нобасомонии мамлакати моро дар оғози солҳои навадуми қарни гузашта аз холӣ мондани фазои сиёсӣ, камранг гардидани саҳми зиёиён дар бедории шуури сиёсӣ, ҳисси маҳалгароиву таасубу хурофотпарастӣ медонанд, ки комилан дуруст аст.
Холо ангезаи ин "бемории сирояти" аз нав дар кишвари мо зухур карда истодааст.
Ва танҳо иродаи сиёсӣ, мавқегирии устувори давлат ва Ҳукумат, маърифати волои халқ шиддати “сироятёби”- ро кам карда истодааст.
Шарқшиноси машҳури Русия Максим Шевченко, ки ҳамеша аз тоҷикдӯстиву фарҳанги баланду тамаддуни қадимаи халқи тоҷик ҳимоя мекунад, дар як суҳбати радиоёӣ иброз дошт, ки дар ҷаҳон наздик ба 12 ҳазор сомонаҳои ифротгароӣ фаъол аст, ки ҳар яке корбарандаи сомона мекӯшад аз эҳсоси динии шаҳрвандон моҳирона истифода барад. Аҷибаш он, ки бештари ин сомонаҳо арзишҳои дини мубини исломро дар як вақт талқин менамояд, аммо амалан кореро анҷом медиҳад, ки аз номи ислом бар зиди ислом аст.
Бояд таъкид намуд, ки терроризм дар тамоми даврони зиндагии инсоният воситаи даҳшатбор ва бадбахтиовари муборизаи разилона ва ноҷавонмардонаи афроди ҷоҳилу нодон, авбош ва дузду қаллобу одамкуш алайҳи инсоният буду ҳаст. Аз ин рӯ, терроризм ба ҳеҷ ваҷҳ роҳи ҳалли муаммою мушкилоти зиндагии инсон шуда наметавонад, балки он як навъ вабо ва маризиест, ки агар сари вақт пешгирӣ карда нашавад, инсониятро ба бадбахтиҳои гӯшношунид дучор карда метавонад.
Воқеан ҳам имрӯз аксари ҷавононе, ки бо зарурати муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунанд, маҳз зери ниқоби исломдӯстӣ ба сафи ҳизбҳои ғайриқонунӣ шомил мешаванд. Онҳо дар ҳақиқат дар муддати хеле кӯтоҳ мағзшӯи карда мешаванд. Дар натиҷа ҷавони аз зиндагӣ бехабар “манқурт” мешавад. Пеши чашми ӯ танҳо куштору қатл падидор мешавад. Таркиби ҷангиёни бо номи “Давлати ислом” аз чунин манқуртон созмон дода шудаанд, ки миёни онҳо тоҷикон низ кам нестанд.
Яке аз ҳадафҳои ибтикороти беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкили озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, роҳандозии даҳҳо озмунҳои дигар, таъсиси квотаи президентӣ -“Дурахшандагон” маҳз ҳамин аст, ки миллат босавод бошад. Имрӯз садҳо чеҳраҳои нави илмҳои фанноварӣ рӯи кор омаданд, ки онҳоро ҳамин озмунҳо муаррифӣ намуд. Аммо ин иқдомҳо бояд дар деҳҷойҳо маҳаллаҳо, марказҳои шаҳру навоҳӣ боз ҳам тақвият ёбад. Бояд фарҳанги китобу рӯзномахонии насли наврас ва ҷавононро аз нав эҳё кунем. Хонаҳои фарҳанг ва китобхонаҳоро таъмиру таҷдид намоем. Маҳфилҳои ширу шакар, ширкати адибону санъаткоронро бештар доир созем.
Барои имрӯзиён муҳитеро бунёд намоем, ки саршор аз меҳр ба Ватану ватандорӣ бошад.
Дигар аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа таассубу хурофотпарастӣ ва худнамоишдиҳӣ аст, ки мутаассифона доманаи он васеву як доғ барои ҷомеаи мо гардида истодааст. Аҳли ҷомеа аз татбиқи босамари қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳори хушнудӣ карда бошанд ҳам, ҳоло низ дар байни аҳолӣ баргузории хатнасурҳо, келинсалом, домодталбон, баргузории ҳоҷиошӣ ба таври пинҳонӣ доир шуда истодааст. Бадбахтияш он аст, ки харҷи беҳуда, дастурхонороӣ, либосҳои зиёди бесамар барои келину арӯс, инъоми мошин ва ҳатто ҳуҷра, аз ҳадди зиёд даъват кардани меҳмонон, ҳофизони гаронхизмат барои зиндагии оромона халал ворид намуда истодваст. Муттаасифона, ҳамин худнамоишдиҳӣ, харҷҳои ҳангуфт барои ҳамсоягону аҳли маҳалла ҳамчун “сабақ” хизмат карда истодааст. Ва теъдоди оилавайроншавиҳо, қарздорон зиёд мешавад, ки ин барои ҷомеа албатта хушоянд нест.
Гузашта аз ин бонувону духтарони мо бо нишонаи “садоқат ба ислом” либосҳоеро ба бар карда истодаанд, ки барои фарҳанги мо бегона аст. Пӯшидани либосҳои сиёҳро ҳатто бонувони давлатҳои арабӣ ба худ лоиқ намебинанд. Аммо теъдоди ба ном “ҳоҷиён” ва “фидоии роҳи ислом” дар ҷомеа батадриҷ меафзояд. Мо, волидон пеши чунин зиёдаравии фарзандонамонро бояд гирем. Мо фарҳанги бою қадима, либосҳои фохираи худро дорем, ки аз лиҳози табиӣ низ афзалияти бештар дорад.
Имрӯз ҳар як падару модарро лозим аст, ки бояд ба маърифати либоспӯшии фарзандон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва дар ҳалли камбудиҳои ҷойдошта чораҳо андешанд. Бартараф кардани камбудиҳои ҷузии ҷойдошта факат кори давлату ҳукумат набуда, балки кори ҳар як фарди солимфикр мебошад ва мо бояд ба он ҳиссагузор бошем.
Шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ тақозо менамояд, ки низоми нави рушди соҳаи фарҳанг ташаккул дода шавад. Хусусан, ба тавсеаи зеҳни инсонӣ, заковати фитрӣ, рушди маънавиёт, тарғиби зебоипарастӣ, омӯзонидани ҳунарҳои нафиса ва инкишофи суннатҳои устувори фарҳангии халқамон аҳамият додан аз рисолатҳои асосии аҳли ҷомеа мебошад. Иҷрои ин рисолати муҳими миллӣ, ҳамчунин, дар зеҳни насли наврас ва ҷавонон тақвият бахшидани ифтихори миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ба раванди бунёдкориву созандагӣ даъват ва сафарбар намудани мардум аз вазифаҳои дигари ҷомеаи фаъол мебошад.
Мо ҳамеша мушоҳида мекунем, ки Президенти давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо ба масъалаи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд ва мардуми кишварро ба дарки истилоҳи «бедориву ҳуввияти миллӣ ва зиракии сиёсиву таҳаммулпазирӣ» ҷалб мекунанд. Аз ин ҷост, ки имрӯзҳо ин масъала ҳар фарди ҷомеаро водор менамояд, то дар ин мавзӯъ амиқан андешаҳояшро баён намояд.
Президенти мамлакат дар маърӯзаҳо, аз ҷумла Паёми ҳарсола доир ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳи худшиносии миллӣ суханрониҳо кардаанд. Чунончӣ: “Раванди худогоҳиву худшиносии мардуми кишвар густариши тоза пайдо карда, ҳисси ифтихори миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ ба пояи сиёсати давлатӣ бардошта шуд”. Ҳар як фарзанди босадоқати мамлакат мебояд ин гуфтаҳоро шиори рӯзмарраи худ намуда, нагузорад, то нохалафе ба мақсадҳои ғаразноки худ расад. Шукронаи даврони истиқлол намуда, кӯшиш ба харҷ бояд дод, то барои рушди иқтисоди кишвар ва устувории пояи ваҳдат саҳми арзанда гузорем. Зиндагии навини мардумони мо аз ҳар нафари тоҷику тоҷикистонӣ садоқатмардона сайқал бахшидани андешаи миллиро тақозо дорад, ки худогоҳӣ, худшиносӣ ва маҳорату маърифати беназирро таҳким мебахшад
Хизмати таърихӣ ва мондагори Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ бояд ҳар тоҷику тоҷикистонӣ бидонад. Зеро ин шахсияти таърихӣ барои муаррифии халқу миллати худ ҳамчун насли ориёӣ нақши бузурге гузошт. Бузургдошти шахсиятҳои таърихӣ ба монанди Имом Абӯҳанифа, Исмоили Сомонӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ибни Сино, Ҷалолиддини Румӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Нусратуллоҳ Махсум, Шириншоҳ Шотемур аз хидматҳои Пешвои миллат аст, ки дар бедории ҳисси худогоҳии миллиамон нақши босазо гузошт.
Ин ибтикори беҳамтои Пешвои миллат ба ҳукми анъана даромад, ки барои таҳкими худшиносии миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Таҷлили ҷашнҳое қадимии тоҷикон Наврӯз, Сада, Меҳргон ва дигар анъанаҳои қадимаи мо хидамату ибтикори роҳбари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аст. Ибтикорот дар эҳё ва густариши унсурҳои фарҳанги милливу динӣ дар ҷаҳони имрӯз нақши муассир гузоштанд. Аз ин рӯ, дар марҳилаи навини таърихӣ ба миллати мо азамату тавони тозаи оламгирии фарҳангӣ ато кард.
Табиист, ки масири давлатсозӣ роҳи ҳамвор нест, балки барои ноил шудан ба мақсади наҷибу муқаддас иродаи азиму имони комил, донишу биниши иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маданӣ ва маърифати мукаммал зарур аст. Зиндагии навини мардумони мо аз ҳар нафари тоҷику тоҷикистонӣ садоқатмандонаву аҳлона ва зиракона сайқал бахшидани андешаи миллӣ, ки таҳкимбахши ҳуввияту худшиносӣ аст, маҳорату маърифати беназирро талаб менамояд.
Суханони пурҳикмат ва даъват ба зиндагии ростини Пешвои муаззами миллат шиори ҳаррӯзаи мо бояд бошад: “Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем”.
Дар иҷрои ин рисолати бузург ба кулли ҳамватанон тавфиқу барор хоҳонам.
Муяссара Қаҳҳорӣ
муовини Раиси шаҳри Хуҷанд