10 Январ 2025
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсул ҳидоят мекунад.
Аз рӯи анъана Паёми навбатии Сарвари давлат – чун паёмҳои пешин тамоми ҷабҳаҳои ҷомеаро фаро гирифта, вазифаҳои дарпешистодаро аниќ ва бо пуррагӣ мураттаб сохта, дурнамои кишварро муайян месозад.
Паём ҳидоятгари мо ба сўи ояндаи дурахшон аст. Боиси таъкид аст, ки дар Паёми навбатӣ Раисҷумҳур дар бораи пешравиҳои соҳаҳои афзалиятнок, махсусан оид ба расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар. Чуноне, ки таъкид намуда шуд: аз моҳи майи соли 2027 Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ ноил мегардад ва махсусан дар доираи амнияти озуқаворӣ-бо ибиткори Пешвои муаззами миллат Барномаи амнияти озуқаворӣ барои панҷ соли оянда пешниҳод гаштааст. Доир ба саноатикунонии босуръат, ироа гардид, ки танҳо дар соли 2024 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунед карда шуданд.
Сарвари давлат оид ба соҳаи маориф ва тандурустӣ бениҳоят ќадршиносанд. Дар замони соҳибистиќлолии кишвар соҳаи маориф ва тандурустии ҷумҳурӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Зимни сухаронӣ Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид нмуданд:” Ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад”. Ҳамчунин : “Ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам”.
Баҳри рушди зеҳниву иҷтимоӣ ва иҷтисодии кишвар, солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иҷтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шуд.
Соҳаи тандурустӣ дар баробари дигар соҳаҳо пайваста зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат қарор дорад. Ҳамасола баҳри рушту нумуи соҳа аз буҷаи кишвар миллионҳо сомонӣ мабалғ ҷудо мегардад, ки дар соли 2025 барои соҳаи тандурусти 4,3 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ин мабалғ баҳри дар амал татбиқ намудани Стратегияи солимии аҳолӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои тандурустӣ, ворид намудани таҷҳизотҳои муосири тиббӣ. Ҷиҳати беҳтар намудан шароити зисту зиндагонии кормандони буҷавӣ, хусусан кормандони соҳаи маориф ва тандурустӣ аз 1 сентябри соли 2025 20% баланд бардоштани маоши вазифавӣ дар назар аст.
Боиси тазаккур аст, ки Пешвои миллат ба роҳбарони соҳаи тандурустӣ супориш доданд, ки ҷиҳати бо вуҷуди корҳои амалигардида, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати то 35 солагии Истиҷлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра бартараф намудани мушкилиҳо тадбирҳои мушшахас андешида шавад.
Дар баромади худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки дар 33 соли истиқлолияти давлатӣ, бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо 3076 муассисаҳои тиббӣ бунёд карда шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар соли сипаришуда, бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарҳи нав и замонавии ба талаботҳо ҷавобгӯй сохта ба ситиофда дода шуд,ки зимни ба истифода додани он, бевосита Пешвои муаззами миллат ширкат намуда суханронӣ намуданд. Ҳамзамон дар остонаи баргузории Паёми навбатии Пешвои миллат дар назди беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 бинои 7 ошёна барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии замонавии тиббӣ маросими гузоштани санги асос ба наслҳои оянда бо иштироки бевоситаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода баргузор гардид.
Оиди таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ бо кадрҳои баландихтисос, ки яке аз дастуру супоришҳои роҳбари давлат мебошад, хеле саривақтӣ ва муҳим буда, яке аз масъалаҳои афзалиятноки соҳа ҳисобида шудааст.
Дар навбати худ, чунин ғамхориҳо мо кормандони соҳаи тандурустиро водор месозад, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ фаъолтар шавем!
Саодат Аминҷонова, н.и.т. муовини сартабиби
Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд