09 Январь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар литсейи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар давраи таътили зимистона озмуни “Бедилхонӣ” баргузор гардид.
Озмуни шаҳрии “Бедилхонӣ” дар асоси нақша-чорабиниҳои шуъбаи маориф ба хотири ҷалби хонандагон ба адабиёт, шеъру шоирӣ, бедор намудани ҳисси эҷодкорӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, бой гардонидани захираи луғавӣ, тарғиби ғояҳои ватандӯстона ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносии миллӣ гузаронида шуд.
Дар озмун аз ҳамаи муассисаҳои таълимӣ довталабон иштирок намуда, бо қироати ғазалиёти Мирзоабдулқодири Бедил маҳорату истеъдоди худро намоиш доданд.
Ҳайати ҳакамон ба баромади ҳар як довталаб баҳои воқеӣ ва арзанда дода, ғолибонро муайян намуданд.
Дар натиҷа, ҷойи аввал насиби Фархунда Ёдгорӣ аз гимназияи №24, Паймон Бадалов аз литсейи ДДҲБСТ ва Зебунисо Мирзоева аз МТДБХБ гардид.
Мақоми дуюмро Норбибӣ Бекова (МТМУ№27), Саидабдумалик Орипов (ЛДП) ва Сарвиноз Ҳоҷибоева (МТМУ№7) мушарраф гардиданд.
Ҷойи сеюм насиби Биҳоҷал Шукурова (МТМУ №15), Рустамбек Бобоев (МТМУ №23), Ганҷина Набиева (МТМУ №25) ва Макнуна Ҳоҷиева (МТМУ ба номи Чехов) гардид.
Ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ диплом ва сипосномаҳои шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд супорида шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд