08 Январ 2025
Дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ оид ба бунёди кӯдакистонҳои нав дар маҳаллаҳои навбунёди аҳолинишин, имрӯзҳо дар шаҳри Хуҷанд тадбирҳои ҷадид ва амалӣ андешида мешаванд. Айни ҳол дар маҳаллаҳои навбунёди 6, 17 ва 30-юми шаҳри Хуҷандбо иқдоми соҳибкорони ватанӣ бунёди кӯдакистонҳои муосир бомаром ҷараён дорад, ки баъди истифодадиҳии он наздик 800 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни як боздид бо сохтмони ин муассисаҳои томактабии хусусӣ шинос гардиданд.
Таъкид шуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон барои фарогирии 50 фоизи кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ тадбирҳои мушаххас андешида шавад.
Дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ тадбирҳо амалӣ шуда истодааст. Раиси вилоят зимни боздиди корӣ бо сохтмон ва лоиҳаи кӯдакистонҳои хусусӣ шинос гардида, барои таъмини иҷрои супоришҳои Сарвари давлат дар назди масъулин вазифагузорӣ намуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар маҳаллаҳои 6, 17 ва 30 юми шаҳри Хуҷанд се кӯдакистони замонавӣ ба истифода дода мешавад, ки дар натиҷа наздик 800 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта хоҳанд шуд.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳа ва корҳои сохтмонии муассисаҳои томактабӣ ба роҳбарияти шаҳр ва сохтмончиён дастур дода шуд, ки барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо аз тамоми имкониятҳо истифода баранд.
Бояд қайд намуд, ки дар шаҳри Хуҷанд айни ҳол дар 46 кўдакистон бо фарогирии 11 338 нафар кўдакон фаъолият доранд. Аз он ҷумла, дар кўдакистонҳои давлатӣ 8863 нафар, дар кўдакистонҳои хусусӣ 949 нафар ва дар “Кўдакистони Президентӣ” 1081 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд, ки фарогирӣ 64% -и кўдакони синни томактабиро ташкил медиҳад.
Тибқи иҷрои талаботи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои ба амал татбиқ намудани “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030” фармоиш ва нақшаи чорбинии шуъба, ташкил карда шуда, аз рӯйи он як зумра корҳои судманд ба анҷом расонида шуданд. Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ ба тарбиятгирандагон бо истифодаи воситаҳои техникӣ, маводҳои айёнӣ, фиттаҳои омӯзишӣ, маводҳои намоишӣ ва тақсимотӣ таълиму тарбия медиҳанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд