08 Январь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Соҳаи тандурустӣ дар меҳвари асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Дар рафти ироаи Паёми имсола, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушду тараққиёти соҳаи тандурустӣ, ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва ҳаётан муҳим аҳамияти махсус зоҳир карда шуд.
Пайваста афзудани маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ гувоҳи равшани гуфтаҳои болост. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки дар соли 2025 барои соҳаи тандурустӣ аз буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Танҳо дар давоми чанд соли охир бунёд гардидани зиёда аз 1200 муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, барои таъмини рушди соҳа ва беҳдошти хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат намудааст.
Ҳамчунин тайи чанд соли охир бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва биноҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бунёд ва ба истифода дода шудаанд. Ҳамзамон даҳҳо муассисаҳои тиббӣ, ки 70-80 сол пеш сохта шуда буданд, таҷдиду азнавсозӣ ва бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд.
Дар умум тайи 33 соли соҳибистиқлолӣ бо истифодаи ҳамаи имкониятҳо 3076 муассисаҳои нави тиббӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.
Пешвои муаззами миллат аз ҷумла қайд намуданд, ки масъалаи тайёр намудани мутахассисон ва таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ бо кадрҳои баландихтисос, таъмини тарзи ҳаёти солим, беҳтар гардонидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва равнақ додани корҳо дар самти ташхису табобат, аз масъалаҳои асосӣ ва ҳалталаби соҳа ба шумор мераванд ва масъулини соҳа бояд баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва ҳалли масъалаҳои мазкур корбариро ҷоннок намоянд.
Доир ба дастгириҳои навбатии Пешвои муаззами миллат метавон таъкид дошт, ки аз моҳи сентябри соли 2025 музди маоши кормандони соҳаи тандурустӣ ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад. Ин дастгирии навбатӣ метавонад барои таъмини зиндагии шоистаи кормандони соҳа таъсири мусбӣ расонида, баҳри боз ҳам боло рафтани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ нақши муассир гузорад.
Кормандони соҳаи тандурустӣ дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллатро ҳамчун нишони қадршиносӣ аз заҳматҳои табибону дигар хизматчиёни соҳа арзёбӣ намуда, барои дар оянда баҳри боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, ворид намудани усулҳои муосири ташхис ва табобат талошу кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.
Алиҷон Юсупов, муовини сартабиби Беморхонаи клиникавии
№1-и шаҳри Хуҷанд, табиби ҷарроҳ