07 Январ 2025
Дар толори гимназияи №1 ҷаласаи ҷамъбастии шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024 баргузор гардид, ки дар кори он Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, Мадина Набизода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд, роҳбарон ва масъулини муассисаҳои таълимии шаҳр ширкат варзиданд.
Ҷаласаро мудири шуъбаи маориф Шаҳноза Мақсудзода ҳусни оғоз бахшида, доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024 гузориши муфассал дод.
Дар идомаи ҷаласа Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ва Мадина Набизода, сардори Раёсати маорифи вилоят андешаҳои худро доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024 ва рисолати минбаъда дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия таъмини иҷрои Барномаҳои давлатӣ, мутобиқ намудани муассисаҳои таълимӣ ба талаботи замон, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорӣ, ба зинаи сеюми таҳсил ҷалб намудани хонандагон, баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа, вобаста ба масъалаи ҳар чӣ бештар фаро гирифтани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, ҷоннок кардани фаъолияти маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо , таъминот бо компютер дар муассисаҳои таълимӣ ва таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ ва ғайраҳо баён доштанд.
Дар охири ҷаласа нақшаи кории шуъбаи маориф барои соли 2025 тасдиқ карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд