06 Январ 2025
Кормандони соҳаи фарҳанги шаҳри Хуҷанд Паёми Пешвои муаззам миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якҷоя бо аҳли коллективи муассисаҳо бо як ҷаҳон шукргузорӣ ва ифтихор аз Ватани маҳбубу дастовардҳои соли 2024 тамошо намуданд.
Чӣ хеле,ки Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ зикр намуданд, мо бояд аз тоҷик будани худ ифтихор намуда,аз руи анъанаҳои неку арзишманди ниёгонамон нисбат ба Зан-Модар эҳтиром хоса намуда,ба қадри онҳо расем, аз мақоми бузурги онҳо дар пешрафти ҷомеъа ва давлат бархурдор бошем,ба қадри ин Ватани ободу зебо, зиндагии осуда,сулҳу суботи комил ва сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Пешвои миллат расида тавониста, дастовардҳои Истиқлолро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, ғанӣ гардонем. Нисбат ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ,терористиву экстремистӣ оштинопазир бошем. Паёми Пешвои муаззам миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якҷоя Боъиси зикр аст,ки Сардори давлат ин дафъа низ фарҳангро ҳамчун воситаи бузург дар рушди мамлакат ва муаррифии арзандаи он, ҳамчунин маърифати баланди шаҳрвандон арзёбӣ намуда, барои ҳифз ва ба фардоиён ба таври арзанда расонидашудани он дастурҳои хирадмандона доданд. Фарҳангиёни шаҳри бостонии Хуҷанд тамоми кушишу ғайрат ва имкониятҳои мавҷударо дар соли нави милодии 2025 баҳри татбиқи нуқтаҳои дар Паём зикршуда равона месозанд.
Таҳмина Абдуқаҳҳорзода,
мудири шуъбаи фарҳанги шаҳри Хуҷанд