27 Декабрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Дар МТМУ №28-и Хуҷанд бо роҳбарии муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Замира Маҳмудова ва иштироки фаъолонаи хонандагони синфи 4 а чорабинии беруназсинфии моҳияти ватандӯстонадошта таҳти унвони "Мо Пайравони Пешвои миллатем" баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо иштироки ҷомеаи омӯзории муассисаи таълимӣ ва падару модарон баргузор гардид.
Хонандагон саҳнаҳои тарбиявӣ, шеъру гуфторҳо, сурудҳо дар васфи Пешвои миллат, Тоҷикистон иҷро намуданд.
Таъкид шуд, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо дар хонандагон тарбия намудани ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳи миллӣ мебошад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд