Омӯзиш ва шарҳи нуктаҳои Барномаи тарбия , таълим ва инкишофи кӯдакони синни томактабӣ “Рангинкамон”
27 Декабрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Дар кӯдакистони “30 солагии Истиқлол”-и шаҳри Хуҷанд машварати доимоамалкунандаи иттиҳодияи методии мудирони муассисаҳои таълимии томактабии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар машварат мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Шаҳноза Мақсудзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Мавзуи меҳварии машварат омӯзиш ва шарҳи нуктаҳои Барномаи тарбия , таълим ва инкишофи кӯдакони синни томактабӣ “Рангинкамон” буд, ки аз он мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони №16-и шаҳри Хуҷанд Нигина Қодирова баромад намуд.
Таъкид шуд, ки синни томактабӣ – синну соли мувофиқ ва аз ҳама мусоид барои бароҳмонии инкишофи эмотсионалии кўдак ба ҳисоб меравад, зеро кўдак дар ин синну сол таъсирпазир, барои аз худ кардани арзишҳои иҷтимоӣ ва маданӣ омода буда, барои
ба даст овардани эътирофу эҳтироми худ дар байни дигарон кўшиш мекунад. Дар ў ҷудоинопазир будани эмотсияҳо аз раванди идрок, тафаккур, хаёлот мушоҳида карда мешавад. Инкишофи иҷтимоӣ-эмотсионалӣ асоси муносибат ва ҳамтаъсиррасонии кўдак ва атрофашро ташкил менамояд. Ин раванд барои ба даст овардани комёбиҳо дар ҳаёт ва мактаб ба кўдак кўмак мерасонад. Ҳар як педагог бояд дар кўдак боварӣ доштан ба худро тарбия намояд. Кўдак бояд озод ва бомасъулият бошад, ҳисси фаҳмиши мавқеи худро дошта, ба атрофиён бо ҳурмату эҳтиром муносибат намояд. Қобилияти интихоби инфиродиро доро буда, фикру ақида ва мулоҳизаҳои атрофиёнро қобили қабул дониста, инчунин малакаи рафтори иҷтимоӣ ва муошират бо одамони дигарро дошта бошад.
Зикр шуд, ки муҳити солими тарбия доираи ҳамсолон мебошад, ки ба кўдак имконияти муошират намудан бо ҳамдигар, бозӣ ва машғулиятҳои гурўҳиро фароҳам меорад.
Ба туфайли ин дар кўдакон ҳиссиёти иҷтимоӣ, муносибати байниҳамдигарӣ бомуваффақият ташаккул ёфта, барои инкишофи хусусиятҳои фардӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Қисми «Хештаншиносӣ ва халқомузӣ» ба кўдакон имконият медиҳад, ки дар бораи оилаи худ, ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми падару модар, бародарону хоҳарон, хешу табор, наздикон, ҳамчунин ҳамсояҳо маълумот дошта бошанд.
Баробари ин, шиносоӣ бо ин қисмат ҳисси худшиносии кўдаконро баланд бардошта, онҳоро водор менамояд, ки худро узви ҳақиқии ҷомеа ҳисобанд, муносибату рафторашонро вобаста ба талабҳои он муайян намоянд ва шахсияташонро ташаккул
диҳанд. Доир ба одату анъанаҳои оилавӣ, миллӣ ва умумибашарӣ тасаввурот дошта бошанд.
Мавриди шиносоӣ бо муҳити зист инкишофи шавқу завқи кўдакон нисбати ҳаёт ва фаъолияти одамон, ҳодисоти табиат аз давраи хурдсолӣ оғоз меёбад. Дар ҳар як давраи синнусолӣ дар кўдакон бояд қобилияти ба ашёҳо ва ҳодисоти табиат диққат додан, муқоиса ва ба гурўҳҳо ҷудо намудани ашёҳо, ҷудо кардани фарқияти хусусияти муайяни онҳо ташаккул ёбад.
Қайд кардан зарур аст, ки аҳамияти махсусро дар тарбияи ахлоқии кўдак меҳнат ишғол мекунад. Мазмуни фаъолияти меҳнатӣ хеле васеъ гардида, ҳаҷми он афзуда, вазифаҳои тарбия, аз зумраи такмили маҳорату малака, ташаккули меҳнатдўстӣ, шавқу ҳавас ба меҳнат ва ҳоҳиши меҳнат кардан ба манфиати атрофиён мураккабтар мегардад. Диққати махсусро ба фаъолияти меҳнатии кўдак дар оила, ба монанди фаҳмонидани зарурати кўмак расонидан ба калонсолон (мавриди рўбучин кардан, нигоҳубини хурдсолон) ва мавҷуд будани вазифаи доимӣ равон кардан лозим аст.
Дар ҷараёни машварат ҳамчунин вазъи дар амал тадбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар анҷом чорабинии намунавии кӯдакистони №35 ба иштирокчиёни машварат пешниҳод гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд