27 Декабрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Тибқи нақшаи муштараки воҳидҳои сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар гимназияи "Гулчини маърифат" бо хонандагону омӯзгорон ва волидайни ин муассисаи таълимӣ бахшида ба эълон намудани соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ", пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, тарғиб ва иҷрои қонунҳои миллӣ, ҷилавгирӣ аззиёдаравӣ дар маъракаҳо ва дигар масоили рӯзмарра вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Шаҳноза Мақсудзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд Манучеҳра Кенҷазода, намояндаи шуъбачаи кор бо ноболиғон ва ҷавонони ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд ва дигарон роҷеъ ба масоили рӯзмарраи ҷомеа баромад намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд