24 Декабрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд барои натичагирӣ дар соли 2024 ва вазифагузориҳо барои нимсолаи 1-уми соли 2025 баргузор карда шуд.
Дар ҷаласа мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд - Абдувосит Ғафуров, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Усмон Юсуфӣ, муовини раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Абдуҷамил Абдуллозода ва тариқи онлайни намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Дилошуб Розиқзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Инчунин дар маҷлис масъулини Бахш, директорони мактабҳои варзиши, ҷонишини директорон, методистон, мураббиёну кормандони мактабҳои варзишӣ, мудирони шӯъбаҳои кор бо ҷавонони донишгоҳхои олӣ, коллеҷҳо, гирандагони стипендияи Президенти, гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд, волонтёрон, ҷавонони фаъол, васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Дар кори ҷаласаи ҷамъбастӣ аз рӯи масъалаи якум мудири Бахш Ғафуров Абдувосит оид ба пешниҳоди ҳисоботи фаъолият барои соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи 1-уми соли 2025 бо назардошти муваффақият, мушкилот ҳолат ва дурнамо ҳисобот пешниҳод намуда, оид ба дастовардхо ва мушкилоти соҳа ибрози андеша намуданд.
Гуфта шуд, ки воқеан, ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, шумораи умумии ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар соли ҷорӣ 68,9 ҳазор нафар буда, аз ин 34,1 ҳазор нафар духтарон ва 34,8 ҳазор нафарро писарон ташкил медиҳанд.
Дар соли 2024 бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносии ҷавонон, зиракии сиёсии онҳо, ташаккули фарҳангдӯстии ҷавонон озмуну аксия ва ҳамоишҳо таҳти унвони "Мо ҷавонон амалҳои ифротгароиро маҳкум мекунем!", "Тарзи ҳаёти солим интихоби мо ҷавонон!", "Танзим баракати зиндагӣ!", "Барои Ватани маҳбубамон хизмат мекунем!", "Ба Пешвои худ содиқ мемонем!", "Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат!". "Либос-нишон аз фарҳанги миллӣ", "Саҳми ҷавонон дар пешрафти давлати соҳибистиқлол", "Ҷавонон нерӯи созандаи ҷомеа" "Хизмат ба Ватан қарзи фарзандии мо ҷавонон аст", "Касби ман-ифтихори ман", "Ҳунарманди беҳтарин", "Тарроҳи беҳтарин”, “Машшотаи беҳтарин”, “Ошпаз-қанноди беҳтарин” бо иштироки васеи ҷавонони шаҳр ташкил ва баргузор карда шуданд.
Ҳамчунин ҷавонони шаҳр дар озмунҳои Точикистон ватани азизи ман, Фуруғи субҳи доной китоб аст, Илм фуруғи маърифат ва олимпиадаҳои сатҳи вилоятиву чумхуриявӣ ва байнлалмилӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Соли 2024 шумораи гирандагони стипендияи президентӣ аз ҳисоби хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, дитсейҳои касби техники ва коллеҷҳои шаҳр ба 72 нафар, гирандагони стипендияи Раиси вилоят ба 55 нафар ва гирандагони стипендияи раиси шаҳри Хуҷанд ба 150 нафар расид.
Айни замон, дар мақомоти маҳаллии шаҳр 28 нафар ҷавонон, аз ҷумла 12 нафар ҷавондухтарон дар вазифаҳои гуногуни хизмати давлатӣ фаъолият намуда истодаанд, ки 38% хизматчиёни давлатиро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, 7 нафар ҷавонон ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд интихоб гардиданд.
Ҷавонони машғули таҳсил 48361 нафарро ташкил менамояд, ки аз ин теъдод 24263 нафарашон духтарон мебошанд, 940 нафар ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар муассисаҳои давлатии олии хориҷи кишвар таҳсил менамоянд.
Бо мақсади бо ҷойи корӣ таъмин намудани ҷавонон дар якҷоягӣ бо шӯъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 14 ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ баргузор гардида ба 81 нафар ҷавонон барои бо ҷойи кори таъмин шудан мусоидат карда шуд. Ҳамчунин 167 нафар ба шуғл чалб гардид, ки аз он 95 нафар бо ҷои корӣ ва 72 нафар ба курсҳои омузишӣ сафарбарбар гардиданд.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, оилаҳои ҷавон, пешгирии ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ, амалҳои номатлуб, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ беш аз 60 мулоқоту вохӯриҳо ташкил ва гузаронида шуданд. Яке аз сабабҳои ҷиноятсодиркуни ин дарки нодурусти озодӣ, демократия мебошад, ки баъзе гурӯҳҳои ҷомеа, алалхусус баъзе ҷавонон аз паи ҳавою ҳавас ва лаззатҳои моддӣ ба амалҳои ношоиста, ба ҷиноят даст мезананд, ба доми фиреби фарҳангу динҳои сохтаву бегона кашида мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки дар соли 2024 содиршавии кирдорҳои номатлуб байни ҷавонон коҳиш наёфта, шумораи ҷиноятсодиркунии онҳо нисбат ба соли 2023, 5 ҳолат зиёд (259) адад ба қайд гирифта шудааст.
Новобаста аз ин бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, пешгирии ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ байни онҳо, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, мунтазам мулоқоту вохӯрӣ, мизҳои мудаввар, корҳои тарғиботиву профилактики ташкил ва баргузор карда мешаванд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштарак 87 маротиба хонишҳои сиёсӣ бо фарогирии 7980 нафар ҷавонони аз 14 то 18 сола дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатӣ баргузор карда шуд, ки дар он намояндагони Бахш иштирок ва баромад намуданд.
Бахри беҳдошти тарбияи ватандӯстии ҷавонон мулоқот бо толибилмон таҳти унвони "Хизмат ба Ватан шараф аст!" дар толори Гимназияи Гёте, мулоқот бо сарбозону афсарони Госпитали ҳарбии Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мулоқот бо ҷавонони синни тодаъватӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №27, №12, №26 ва №6-уми шаҳри Хуҷанд ташкил ва гузаронида шуданд.
Инчунин 8 маротиба рӯзи дарҳои кушод ва вохӯрии ҷавонони синни тодаъватии ҳарбӣ бо сарбозону афсарон, аёдат ва қадршиносии онхо бо ташкили барномаҳои фарҳангӣ дар қисмҳои низомии худуди шахр баргузор гардида, ҷавонони синнитодаъватӣ аз ҳаёт ва фаъолияти сарбозон, шароити қисмҳои низомӣ аз наздик огаҳи пайдо намуданд. Дар доираи баргузории чорабиниҳои мазкур аз ҷониби сарбозон ва афсарони қисмҳои низомӣ намоиши машқҳои тан ба тан, пайраҳадории қисми ҳарбӣ, машқҳо бо сипар ва намоиши силоҳҳои ҷангӣ ба намоиш гузошта шуд.
Ҳамзамон мусобиқаҳои ҳарбӣ варзишии «Ҳомии Ватан», «Тирпарронӣ», «Шоҳмот» ва спартакиадаҳо байни чавонони синни тодаъватии ҳарбӣ, афсарону сарбозон ва хизматчиёни ҳарбии кисмхои низомии ҳудуди шаҳри Хуҷанд ташкил ва гузаронида шуданд.
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд фаъолияти хешро баҳри татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», карори ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон, фармоишҳои аёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда, дар ин замина давоми соли 2024 як қатор чорабиниҳои сатҳи мухталифро бо ҷалби наврсону ҷавонон, варзишгарон ва сокинону меҳмонон баргузор намуд.
Самтҳои афзалиятноки соҳаи ҷавонон даҳ самтро дар бар мегирад, ки он иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, шуғлнокии онҳо, таъмини тарзи ҳаёти солим, таҳсилоти муносиб, таъминоти ичтимой ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонон, таъмини мустақилияти иқтисодӣ, тарбияи ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида ва фарҳангдӯстӣ, ҷанбаҳои илмию амалӣ ва методии сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳпаймоии идонаи беш аз 30 ҳазор нафар ҷавонон, волонтёрон, донишҷӯён, хонандагон, варзишгарон ва сокинони касбу кори гуногун таҳти унвони "Ҷавонон- Пайравони Пешвои миллат" доир гардид. Роҳпймой аз назди Маҷмааи фарҳангию таърихии "Истиқлол" то назди театри ба номи Камоли Хуҷанди тӯл кашид. Дар он ҷавонон бо рӯҳи болида бо шиору овезаҳо ва парчамҳои давлатӣ роҳпаймой намуданд.
Ҳамчунин дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Точикистон Шӯрои кор бо ҷавонони шаҳр бо иштироки Раиси шахри Хучанд мухтарам Шарифзода Фирдавс баргузор карда шуда, 10 нафар чавонони фаъол бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ ва 150 нафар донишҷӯёну хонандагон ва варзишгарони фаъол бо стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд, ки маблағи он 1000 сомониро ташкил медиҳад қадрдонӣ карда шуданд.
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии волотёрон санаи 5 декабри соли 2024 аксияи тарғиботӣ таҳти унвони "Биёед волонтёр мешавем!" ташкил ва баргузор карда шуд. Дар доираи ин аксия аз ҷониби масъулин ва волонтёрони фаъоли бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд дар бозори марказии "Панҷшанбе” кўмакрасонӣ таҳти унвони "Некӣ бимонад ҷовидон..." ташкил ва багузор гардид. Дар рафти чорбинӣ аз ҷониби волонтёрон ба шахсони калонсол кӯмак расонида шуд.
Бояд қайд намуд, ки дар назди Бахш маҳфилҳои "Пайравони Пешвои миллат", "Маҳфили стипендиантон" "Адибони чавон" ва филиали Иттифоқи ҷавонони Точикистон дар шаҳр амал мекунад, шумораи волонтёрони назди Бахш 150 нафарро ташкил медиҳад.
Сохаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар маҳсуб ёфта, он маҳз ба хотири таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунинии варзишгарони касбии точик барои иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Дар худуди шаҳр новобаста аз шакли моликият беш аз 330 иншоотҳои варзишӣ аз ҷумла варзишгоҳҳо бо теъдоди зиёда аз 5000 ҷои нишаст 1 адад, варзишгоҳҳо бо теъдоди то 5000 чои нишаст 6 адад, майдончаҳои оддии варзишӣ ва бозии кӯдакона 187 адад, иншооти махсуси варзишӣ 39 адад, тир 2 адад, боулинг 4 адад, марказҳои фитнес 20 адад, билярд 6 адад, базаи қаиқронӣ 2 адад, яхи сунъӣ 1 адад, дучархаронӣ 1 адад, толори варзишӣ 84 адад ва ҳавзҳои шиноварӣ 4 адад амал мекунанд.
Дар шаҳри Хуҷанд 4 муассисаҳои варзишии вилоятӣ ва 6 муассисаҳои давлатии мактабҳои варзишӣ аз чумла мактабҳои варзишии №1, №2, №3, №4, мактаби махсуси намудҳои гӯштин, мактаби варзишии захираҳои олимпӣ ва варзишгоҳи "Спартак" фаъолият намуда ҷиҳати оммавӣ намудани варзиш ва тайёр намудани варзишгарони касбӣ чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.
Тибқи маълумотҳои оморӣ дар 6 муассисаҳои тайёрии варзишии шаҳр 123 нафар мураббиён аз рӯи 28 намуди варзиш дар 285 гурӯҳ машғулиятҳои варзиширо мегузаронанд. Аз рӯи маълумотнокӣ аз 123 нафар мураббиён 51 нафарашон соҳиби маълумоти олӣ ва 72 нафар маълумоти миёнаи тахассусӣ доранд. Аз шумораи умумии кормандони соҳаи варзиш 24 нафарашонро занҳо ташкил медиҳад. Шумораи машқварзон дар муассисаҳои тайёрии варзишӣ дар соли 2024 ба 6000 нафар расид, ки аз ин шумора наздик 1000 нафарашон духтарон мебошанд. Мураббиён дар муассисаҳои варзишӣ аз рӯи 3 намуди миллии варзишӣ, 8 намуди ғайриолимпӣ ва 17 намуди олимпӣ машғулиятҳои варзишӣ мегузаронанд.
Бояд қайд намуд, ки дар шаҳр федератсияҳои варзишии намудҳои футбол, баскетбол, бокс, каратэ, гӯштини дзюдо, ушу, қаикронӣ, теннис, таэкван-до ва чиу-читсу фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.
Ҳамзамон муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи махсус ва муассисисаҳои таҳсилоти умумӣ баҳри оммавӣ гардонидани намудҳои варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштарак дар муассисаҳои худ мусобиқаю чорабиниҳои варзишӣ баргузор намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳи солимии насли ҷавон саҳми назаррас доранд.
Дар Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров факултаи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ амал намуда, соҳаи тарбияи ҷисмониро бо кадрҳои ҷавони баландихтисос таъмин менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки дар соли 2024 - 2 маротиба Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзишии мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баргузор карда шуда, вобаста ба татбиқи Барномаи маҳаллии маҷмӯии рушди тарбияи чисмони ва варзиш, барои мусоидат ба рушди оммавияти варзиш амалӣ намудани Стратегияи давлати дар соҳаи тарбияи чисмонӣ ва варзиш, фароҳам овардани заминаи хукуки барои рушди соҳа ва ичрои босифати Накшаи кории Шӯро тадбирҳои мушаххас андешида шуд.
Ҷиҳати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва чалби васеи омма ба намудҳои мухталифи варзиш ва бахшида ба санаҳои таърихӣ дар соли 2024 зиёда аз 140 чорабиниҳои варзишӣ аз қабили мусобиқаҳои варзишии сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуривӣ ва монанди инхо бо ҷалби беш аз 75 ҳазор нафар ҷавонону наврасон, варзишгарону мухлисон ва сокинону меҳмонон баргузор гардиданд.
Ҳамчунин баҳри ҷалби бештари наврасону ҷавонон аз ҳисоби хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тибқи накшаҳои муштарак бо шӯбаи маорифи шаҳр, федератсияҳо ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш мусобиқаҳои оммавӣ- варзишӣ аз рӯи намудҳои мухталиф, алалхусус даставӣ ва байни духтарон гузаронида мешаванд.
Дар соли 2024 ҷиҳати ҷалби васеи омма ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва бахшида ба санаҳои таърихи мусобиқа ва чемпионатҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои футбол, волейбол, баскетбол, теннис, каратэ, таэквандо, варзиши сабук, гӯштини тарзи озод, дзюдо, гӯштини юнонӣ- румӣ, гӯштини миллӣ, самбо, бокс, бадминтон, чавгонбозӣ, шиноварӣ, шоҳмот, ушу, каратэ-до, тенниси рӯи миз, теннис, шиноварӣ, бокс ва монанди инҳо ташкил ва баргузор гардиданд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ бо усули маҳал ба маҳал ва байни кормандони ташкилоту идораҳо аз рӯи намудҳои футбол - 48 адад, волейбол - 48 адад, гӯштини миллӣ 40-адад, тенниси рӯи миз 40-адад, шашка ва шоҳмот 64 -адад тибки чадвали тасдиқ гардида, ташкил ва баргузор карда шуда, тариқи саҳифаҳои фейсбукӣ инъикос гардиданд.
Ҳамчунин соли ҷорӣ дар шаҳр мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ аз рӯи намудҳои дзюдо, шиноварӣ, гимнастикаи бадей, бокс ва монанди инҳо баргузор гардиданд, ки дар он варзишгарон аз давлатҳои хориҷи дуру наздик иштирок намуданд.
Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр Дави миллӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд беш аз 25 ҳазор нафар сокинон ва ҷавонону вазишгарони шаҳр иштирок намуданд. Дави миллӣ аз назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии "20-солагии Истиклолияти Точикистон" оғоз ёфта ба воситаи хиёбони Раҳим Ҷалил, пули "Ҷашнӣ" то назди Нишони давлатии Ҷумхурии Точикистон воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев идома ёфт.
Бо мақсади иҷрои саривақтии супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар соли 2024, 154 маротиба машқҳои пагоҳирӯзӣ ва чорабиниҳои оммавӣ- варзишӣ, солимгардонӣ таҳти унвони "Зебой, тавоной ва доной аз варзиш аст." ташкил ва гузаронида шуд. Дар машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур 29400 нафар ҷавонону варзишгарон ва сокинон, аз чумла 10700 нафар духтарону бонувон иштирок намуданд.
Бахшида ба ба эълон гардидани «Рӯзи ҷаҳони футбол» санаи 25 майи соли 2024 Фестивали варзишӣ таҳти унвони "Футбол ба назди ту меояд" дар Варзишгоҳи ба номи 20-солагии Истиқлолияти Точикистон баргузор шуд. Дар фестивал зиёда аз 25 ҳазор нафар сокинони касбу кори гуногун, ҷавонону варзишгарон иштирок намуданд. Дар доираи февтивал барои 300 нафар наврасон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Маврид ба зикр аст, соли равон байни дастаҳои Лигаи Олии мамлакат дастаҳои футболи шаҳр фаъолона иштирок намуда, Дастаи "Хуҷанд"-и Хуҷанд сазовори медалҳои нуқра ва дастаи "Эсхата"-и Хуҷанд сазовори ҷои 5-ум гардид.
Ҳамчунин дастаҳои футзали "Хуҷанд"-и Хуҷанд ва "Сипар"-и Хуҷанд ва дастаи футболи духтарона таъсис дода шуда, дар мусобиқаҳои сатҳи мухталиф баромад намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Дастовардҳои варзишгарони шаҳри Хуҷанд дар чорабиниҳои варзишӣ ва мусобиқаю чемпионатҳои сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ назаррас мебошад. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2024 варзишгарони шаҳри Хуҷанд ба гирифтани 2285 медал аз ин 630 медали тилло, 694 медали нуқра ва 961 медали биринчи ташкил медиҳад.
Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагин Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ вусъат дода шуда, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ва бо ҷалби соҳибкорону сокинони шаҳр иншоотҳои гуногуни варзишӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин радиф дар ёздаҳ моҳи соли 2024 бунёд ва азнавсозии 12 адад майдончаҳои варзишӣ (соли 2023-10 адад), 12 адад майдончаҳои бозии кӯдакона, (соли 2023 10 адад) дар ҳудуди маҳаллаҳои шаҳр ва назди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, як адад обутобгоҳ шиногоҳ ва майдончаҳои машку тамрини бадан дар соҳили дарёи "Сирдарё" бунёд ва азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор гирифтанд. Иншоотҳои мазкур ба маблағи умумии 3,3 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, соҳибкорон ва сокинони маҳаллаҳо мавриди ба истифода дода шудааст.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд санги асос барои бунёди Маҷмааи варзишии "Суғд-арена" гузошта шуда, сохтмони иншооти мазкур идома дорад.
Ҳамчунин тибқи талалаботи Федератсияи футболи Точикистон бо дастгирии мақомоти ичроияи ҳокимияти вилояти Суғд дар Варзишгоҳи ба номи "20-солагии Истиқлолияти Точикистон" 4-адад системаи рӯшноидиҳи мутобиқи стандартҳои байналмиллалӣ ба маблаги умумии 11 миллион сомонӣ насб карда шуд.
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд дар оянда низ баҳри татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», ичроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон, қарори ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон, фармоишҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Дар охир ба як чанд нафар сипоснома ва тӯҳфаи хотиравӣ супорида шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд