23 Декабрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
22 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо сохтмони як қатор иншооти ҷашнӣ шинос гардид.
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти гуногун, аз ҷумла бинои Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд, бинои Суди вилояти Суғд, бинои иловагии факултаи чоруми Академияи ВКД, маҷмааи муосири варзишии «Суғд Арена», бинои иловагии Маркази саратоншиносии вилояти Суғд, бинои иловагии Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд ва бинои иловагии Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд ҷараён дорад.
Раиси вилоят зимни боздид барои суръатбахшии корҳо, ободонии ҳудуди иншооти бунёдшаванда, бо сифати баланд иҷро намудани корҳои сохтмонӣ ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини бахши сохтмони вилоят супоришҳо дод.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон бо сохтмончиёну бинокороне, ки дар сохтмонҳо машғули кор ҳастанд, суҳбат намуда, барои дар сатҳи баланд ба анҷом расонидани корҳо тавсияҳо дод.