20 Декабрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд мулоқот бо сокинони маҳаллаҳои Суғдиён, Сирдарё ва Сайҳун баргузор гардид.
Дар мулоқот Усмон Юсуфӣ Сиддиқзода - намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Абдувосит Ғафурӣ- мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд ва намояндагон аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд иштирок ва баромад намуданд.
Таъкид шуд, ки мулоқот бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, аҳамияти таҳрири нави қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва маъракаи интихоботӣ, ки санаи 2 марти соли 2025 баргузор мегардад, сурат гирифт.
Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқот аз сокинони маҳалла ҷиҳати саҳми назаррас гузоштан дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ватандориву меҳанпарастӣ ва маънавиёти ҷомеа, андешидани тадбирҳо баҳри беҳтар намудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, ободу зебо гардидани маҳаллаи худ ва ҷалби аҳолӣ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, мусоидат намудан ба рушди соҳаи маориф, дастгирии моддиву маънавии муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр, андешидани тадбирҳо барои бартараф намудани ҳамагуна шаклҳои зўроварӣ дар оила, ташаккули муҳити солими оилавӣ, мусоидат ба риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳар як аъзои оила ва ташаккули шахсиятҳои комил ва ғайра даъват ба амал оварда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд