19 Декабрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Дар Муассисаи таълимии томактабии №40 озмуни шаҳрии «Касби дӯстдоштаи ман» байни сармураббияҳои кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он 29 нафар сармураббияҳои муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳр байни ҳам рақобат намуданд.
Озмуни мазкур дар бо мақсади ҷалби кӯдакон ба донишу касбомӯзӣ, баҳри баланд бардоштани маҳорати касбӣ, инкишоф додани қобилияти эҷодкорӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ дар мураббиён, дастгирии ташаббусҳои эҷодӣ, тарғиби васеи масъалаҳои касбӣ, дарёфти кӯдакони соҳибистеъдод, баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ ва рушди маънавиёти насли наврас гузаронида шуд. Сармураббиёни кӯдакистонҳо тибқи шартҳои озмун бо истифодаи аз усули технология расмҳои ҷолиб кашида, маҳорати эҷодии хешро ба маърази тамошо гузошта, онро муаррифӣ намуданд.
Ҳайати ҳакамот аз миёни иштирокдорон беҳтаринҳоро муайян науданд, ки ба он сармураббияҳои кӯдакистонҳои №2, 3, 9, 12, 14, 16,19,20, 22, 25, 26, 27, 28, 31,38 ва 40 буданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд