18 Декабрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Ба истиқболи 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони биноҳои баландошёнаи 67, 68-и микроноҳияи 13-уми шаҳри Хуҷанд тасмими гирифтанд, ки дар назди бинои майдончаи хурди футбол, баскетбол ва мавзеъи фароғат барои пиронсолон сохта ба истифода диҳанд.
Ин иқдоми сокинони маҳал бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи варзиш ва дар доираи тадбирҳои созандагии умумишаҳрӣ бунёд карда мешавад.
Баъди истифодаи ин майдончаҳо минбаъд наврасону ҷавонони ин хонаҳои баландошёна метавонанд дар ин ҷо ба машқу тамрин машғул шуда, маҳорату малакаи варзишии худро баланд бардоранд.
Алҳол корҳои ҳамворкунӣ ва сохтмонии ин мавзеъ оғоз шудааст ва дар ин макон техникаву васоити гуногун сафарбар карда шудаанд. Ҳамзамон аз ҷониби сокинони мошинсаройҳо рангубор карда шуда, ҳудуди он ба тартиб дароварда шуда истодааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд