9037
(1 голос, среднее 1.00 из 5)
16 Декабрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар самти пешгирии ҳодисаҳои нохуш, заҳролудшавӣ аз маводҳои хӯрокворӣ, ҳамзамон баҳри таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ дар фасли сармо ва арафаи чашнгирии Соли нави мелодӣ, аз ҷумла пешгирии хуруҷи бемориҳои шадиди меъдаю рӯда ва бемории ботулизм директори Муассисаи давлатии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд” Султон Раҳмонзода ва директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Азаматхӯҷа Воҳидов бо як қатор соҳибкорони шаҳри Хуҷанд, ки дар самти истеҳсол, интиқол, муомилот ва фурӯши маҳсулотҳои хӯрокворӣ машғуланд, мулоқот намуданд.
Таъкид гардид, ки масъулини соҳаи санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои вилоятро зарур аст, ки корбариро дар ин самт ҷоннок намуда, баҳри саривақт ошкор ва бартараф намудани қонуншиканиҳо чораҳои мушаххас андешанд.
Аз ҷумла қайд карда шуд, ки дар арафаи пешвозгирии Соли нави мелодӣ мутаассифона бархе аз соҳибкорони инфиродӣ бо сӯистифода аз талаботи зиёди аҳолӣ дар ин рӯзҳо маҳсулотҳои пастсифат, муҳлати истеъмолашон гузашта ва бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифати маҳсулотро ба фурӯш мегузоранд, ки ин ҳолат метавонад ба хурӯҷи бемориҳои шадиди меъдаю руда дар байни аҳолӣ оварда расонад.
Аз ин лиҳоз, ҳамарӯза дар самти саривакт ошкор намудани ҳолатҳои қонуншиканиҳо ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ, баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолӣ бояд масъулини соҳаи санитарӣ кушиш ба харҷ диҳанд.
Дар фарҷоми мулоқот ба иштирокчиён ҷиҳати дуруст риоя кардани қоидаҳои санитарӣ дар вақти ба фурӯш гузоштани маҳсулоти хӯрокворӣ дастурамалҳо тақсим карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд