16 Декабрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Дар маркази шаҳри Хуҷанд, дар саҳни майдони Камоли Хуҷандӣ, Арчаи солинавӣ ба истиқболи Соли нави мелодӣ ба андозаи 22 метр қомат афрохт ва шуруъ аз имрӯз, яъне аз санаи 17.12.24. аз соати 15:00 то 17:00 чорабиниҳои фарҳангӣ оғоз мешавад.
Дар барномаҳои фарҳангӣ баромади ансамбли ҷавонон ва наврасони “Навои ҷовидон”-и бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд, дастаҳои ҳунарии мактабҳои мусиқии бачагонаи №1, 2, 3, 4-и шаҳр , коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз, факултети санъати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, театри тамошобини наврас ба номи О. Назаров, ансамбли давлатии “Фалак”, Кохи фарҳанги “Суғдиён”, ансамбли шашмақомхонони “Нури Хуҷанд”, Кохи “Рӯдакӣ”, ҳунармандони шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва ноҳияи Ҷаббор Расулов дар назар дошта шудааст
Санаи 31.12.24 галаконсерт, баромади ҳунармандони шаҳру вилоят пешбинӣ шудааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд