16 Декабрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо мақсади шиносоӣ бо нарху навои маҳсулоти гуногун аз бозори марказии “Панҷшанбе” боздид намуд.
“Панҷшанбе” аз калонтарин бозорҳои минтақа маҳсуб ёфта, дар он анвои гуногун маҳсулот ва маводи ниёзи рӯзгор ба фурӯш гузошта мешавад. Илова бар соҳибкорони доимии бозор, ҳамарӯза шумораи зиёди фурӯшандагон ба таври муваққатӣ дар ин ҷо савдо мекунанд. Дар бозори мазкур тамоми анвои маҳсулоти зарурӣ барои зиндагии мардум хариду фурӯш мешавад ва “Панҷшанбе” аз маконҳои ба таври доимӣ серодами маркази вилоят аст. Таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ низ ба ин бозор рӯзафзун буда, теъдоди зиёди хориҷиён маҳз боздиди хешро аз “Панҷшанбе” оғоз менамоянд.
Мушоҳидаҳо нишон дод, ки дар бозори “Панҷшанбе” маҳсулот фаровон буда, барои фурушандагон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар аснои боздид Раиси шаҳр иброз дошт, ки бозор оинаи шаҳр аст ва аз ин сабаб бояд “Панҷшанбе” ба таври ҳамешагӣ ороста ва зебо бошад. Фирдавс Шарифзода ҳамзамон аз растаҳои гуногуни бозор боздид карда, таъкид дошт, ки дар арафаи соли нави мелодӣ нархи маҳсулот нисбатан арзон карда шавад. Раиси шаҳр ба масъулини бозор ҷиҳати бехатарии сӯхтор, бехатарии фаъолият ва ҷиҳати ба ободонӣ фаро гирифтани атрофи он супоришҳо дод.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд