9031
(0 голоса, среднее 0 из 5)
13 Декабрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ҷамъбасти маъракаи вилоятии 16 рӯзи алайҳи хушунат баргузор гардид.
Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода ҳамоишро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи тадбирҳои мушаххасро бо мақсади
баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, ҳалли масъалаҳои демографӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда амалӣ гардонида истодааст. Ҳуқуқҳои занон қисми таркибии ҳуқуқҳои умумии инсон мебошанд. Фароҳам овардани шароит барои иштироки ҳамаҷониба ва баробарии занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯриҳои худ бо занони фаъолу эҷодкори мамлакат чунин иброз доштанд:
“Давлате, ки нисбат ба модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ, бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад”. Вобаста ба ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати иҷтимоии худ бо мақсади ҳалли бисёр масъалаҳои марбут ба ҳаёти занон як қатор барномаҳои муҳими давлатиро амалӣ намуд, ки барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа нақши босазо доранд.
Дар ҷараёни чорабинӣ Шаҳрванди фахрии Хуҷанд, Раиси Шӯрои машваратии Иттиҳодияҳои чамъияиии вилояти Суғд Шуҷоатхон Ҳасанова, директори ташкилоти ҷамъиятии" Насл" Орзугул Ғаниева, намоянда аз ташкилоти ҷамъияти маркази занон "Сарчашма" Муаззама Болтуева, корманди иҷтимоӣ Шафоат Ишонова, ҳуқуқшинос корманди маркази "Гулрухсор" Назира Раҳимзода, нозири калон оид ба супоришҳои махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд Гуландом Мирзоева, директори маркази ҳаёти тарзи солим Зуфнунахон Хоҷаева, намоянда аз ташкилоти ҷамъиятии "Нурия" Парвина Бобокалонова ва дигарон баромад намуданд. Таъкид шуд, ки хушбахтона, аз оғози соҳибистиқлолии кишвар бо талошу кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумат баланд бардоштани ҳуқуқи зан ва мақоми ӯ дар ҷомеа буд. Ҷиҳати ҳалли ин масъала Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати пешбарандаи рушди баробар ва одилонаи ҷинсҳоро тавассути мустаҳкам кардани мавқеи зан бо меъёрҳои конститутсионӣ ва минбаъд такмил додани онҳо тавассути қонунҳои соҳавӣ пеш гирифт.
Дар анҷоми ҳамоиш саҳнаи ҷолибе пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд