10 Декабрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
10 декабри соли 2024 таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят иштирок намуданд.
Дар иҷлосия масъалаҳои интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати ҳафтум, ташкил намудани Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати ҳафтум, миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати ҳафтум ба баррасӣ гузошта шуда, аз ҷониби вакилон қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар оғоз иброз дошт, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024, №882 рӯзи 2 марти соли 2025 интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад. Бо назардошти ин, зарур аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо барои татбиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” тадбирҳои мушаххас андешанд.
Сипас, бо қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати ҳафтум иборат аз 13 нафар ташкил гардида, тасдиқ карда шуд, ки барои гузаронидани интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд 70 ҳавзаи ҳудудии интихобот ташкил карда шавад.
Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар охир ба масъулин ҷиҳати омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ супоришҳо дод.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд