30 Ноябр 2024
Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Истиқлол гурӯҳ” марҳилаи аввали аксияи ҷолиби худро ҷамъбаст ва ба 10 нафар тӯҳфа-техникаи маишии рӯзгор, аз ҷумла: яхдон плитаи газӣ, мошинаи ҷомашӯӣ, телевизор ва дигар тӯҳфаҳои арзишмандро тақдим намуд.
Бояд қайд намуд, ки тибқи як Аксияи густурда, шаҳрвадоне, ки аз Ширкати “Истиқлол гурӯҳ” хона харидорӣ мекунанд, соҳиби корт ва даҳ адад айдирақамҳо гашта, иштирокчии аксияи “Бурди орзуҳо” мегарданд.
Аксия дар чанд марҳила баргузор шуда, сокинон метавонанд, ки тӯҳфаҳои арзишманд бурд намоянд. Тӯҳфаҳои асосии аксия - хонаи сеҳуҷрагӣ мебошад, ки моҳи марти соли 2025 соҳиби худро пайдо хоҳад кард. Марҳилаи аввали аксия аллакай ҷамъбаст ва ғолибонаш муайян гашта, бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ гаштанд.
Бояд гуфт, ки ҶДММ “Истиқлол-гурӯҳ” соли 2016-ум таъсис ёфта, айни ҳол дар микроноҳияҳои 8-ум, 13-ум 17-ум, 18-ум 19-ум 28-ум ва минтақаи бозори “Панҷшанбе” ба сохтмони хонаҳои баландоёшна машғул мебошад. Масъулин мегӯянд, ки бартарияти ширкат дар он аст, ки хонаҳоро дар мӯҳлатҳои муайянгашта, бомасъулиятона бо сифати баланд бунёд намуда, бо таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба соҳибонашон месупоранд. Ба ғайр аз ин ширкати “Истиқлол-гуруҳ” яке аз аввалин ширкатҳои сохтмони ба ҳисоб меравад, ки бренди худро дар сатҳи байналмилалӣ ҳифз намудааст .
Ҷомеаи меҳнатии ҶДММ “Истиқлол-гурӯҳ” нақша доранд, ки минбаъд дар дигар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд низ биноҳои босифату замонаву сохта, шаҳрвандонро бо манзил таъмин кунанд ва дар баробари ин ҳар гуна иқдомҳои навро барои сокинон роҳандозӣ намоянд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд