29 Ноябр 2024
Дар Кохи "Суғдиён"-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи байналхалқии маъюбон" ҳамоиш баргузор гардид. Нахуст маҳсули эҷоди маъюбон ба маърази тамошо гузошта шуд.
Ҳамчунин аз ҷониби маъбон суруду таронаҳои дилнишин иҷро карда шуд.
Бояд қайд намуд. ки дар ҷаҳони муосир ҳамасола 3-юми декабр ҳамчун рӯзи байналмиллалии маъюбон таҷлил карда мешавад. Таҷлили рӯзи мазкур бар асоси Эъломияи 47/3 Ассамблеяи Генералии Созмони миллали муттаҳид, ки тибқи он рӯзи 3-юми декабрро «Рӯзи байналмиллалии маъюбон» эълон доштааст, доир мегардад.
Мутобиқ ба асноди мазкур аз соли 1992 инҷониб дар тамоми кишварҳои аъзои ин созмони бонуфуз, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви комилҳуқуқи он мебошад, 3-юми декабр низ ҳамчун Рӯзи байналмилалии маъюбон ҷашн гирифта мешавад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд