29 Ноябр 2024
Дар доираи маъракаи иттилооти «16 - рӯзи мубориза алайҳи хушунат» дар шаҳри Хуҷанд хатсайри «Муҳаббат» ташкил гардид.
Бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи миллии илмҳои зиёиёни Тоҷикистон дар доираи маъракаи иттилооти «16- рӯзи мубориза алайҳи хушунат» дар шаҳри Хуҷанд хатсайри «Муҳаббат» ташкил гардид, ки дар он кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.
Хатсайри мазкур аз маркази шаҳри Хуҷанд то маркази шаҳри Бустон мусофиронро ройгон то ҷойи лозимаашон бурда расонида, дар дохили нақлиёт бо онҳо оид ба масъалаҳои оиладорӣ ва зиндагӣ бидуни зӯроварӣ суҳбатҳои инфиродӣ гузаронида шуда, ба ҳар як мусофири хатсайри "Муҳаббат" варақаҳои иттилоотӣ дода шуданд.
Инчунин, вобаста ба масъалаҳои оиладорӣ, пойдор нигоҳ доштани муҳаббат ва солимии оила саволу ҷавоб дар шакли викторина баргузор гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд