26 Ноябрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори филиали “Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон” дар шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Усулҳои муосири ташкили раванди ҳамширагӣ” баргузор гардид.
Конфронсро директори Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон Маъруф Холматов ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки истифодаи усулҳои фаъолу муосир дар раванди таълим як ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти таълимии омӯзгорро ташкил медиҳад. Усулҳои гуногуни бедор кардани шавқу завқи донишҷӯён ба дарс мавҷуданд, ки ҳамчун усулҳои фаъол шинохта шудаанд. Бояд қайд кард, ки омода намудани мутахассисони соҳаи тиб нисбат ба дигар соҳаҳо кори душвору мураккаб ва пурмасъулият ба ҳисоб меравад. Зеро барои мутахассиси соҳаи тиб гаштан донишҳои амиқи тахассусӣ доштан лозим аст. Ташкили дурусти ҷиҳатҳои психологии дарс барои ташаккули характери корманди ояндаи соҳаи тиб мусоидат менамояд. Дар шароити кунунӣ истифодаи усулҳои фаъолу муосир машғулиятро пурсамар мегардонад.
Сипас дар ҷараёни кори кори конфронс роҷеъ ба фаъолияти назарраси табиби шинохта Абдушукур Ҷӯраев мубодилаи афкор сурат гирифт.
Муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Маъруф Ҳоҷибоев роҷеъ ба саҳми Абдушукур Ҷӯраев дар тайёр ва парвариши кадрҳои миёнаи тиб изҳори андешаронӣ намуд.
Сардухтури Маркази саломатии №5-и шаҳри Хуҷанд Адиба Мамадова дар мавзуъи “Абдушукур Ҷӯраев-роҳбар, устод ва раҳнамо” маърӯза намуд.
Дар бораи кору хидматҳои бенуқсони табиб Абдушукур Ҷӯраев ҳамкорон ва ёру дӯстон низ изҳори назар карданд.
Дар конфронс ихтисосҳои таълимгоҳ низ бо унвони “Саҳми кафедраи терапияи фанҳои тахасусӣ дар тайёр кардани мутахасисони миёнаи тиб” муаррифӣ карда шуд.
Конфронс бо мубодилаи афкор ва пешниҳодоти мушаххас анҷом ёфт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд