25 Ноябр 2024
Субҳи имрўз аҳли хонандагон ва омўзгорони "Литсейи инноватсионии ҷавонӣ" дар шаҳри Хуҷанд бо шукуҳу шаҳомат ва нишоту фараҳмандӣ ғолиби даври ҷумҳуриявии Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Озода Қаландарзода, омӯзгори ин муассисаи таълимиро истиқбол намуданд.
Сурайё Неъматзода, директори "Литсейи иноватсионии ҷавонӣ" дар шаҳри Хуҷанд Озода Қаландарзода, омӯзгори Муассисаи таълимии хусусии "Литсеи иноватсионии ҷавонӣ" дар шаҳри Хуҷандро, ки дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" соҳиби мақоми аввал гардида, ҳамзамон барои Шоҳҷоизаи озмун довталаб буд, аз номи муассисаи таълимӣ таҳният гуфта, чунин омӯзгоронро фахри литсей донист.
Таъкид шуд, ки соли шашум аст Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхониву тақвияти неруи зеҳнӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат доир гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки Озода Қаландарзода аз рӯйи номинатсияи адабиёти классики тоҷик баромад намуда, тибқи низомномаи озмун 110 ғазал, 112 байт ва дигар навъҳои шеърӣ, 122 рубоӣ ва дубайтӣ, 100 байт қасида, 25 асари насрӣ ва 160 байт порча аз достонҳоро аз худ намудааст. Ҳамсафари зиндагияш Ҷавоҳир Ашӯров дар соли 2020 дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ ғолиб гардид ва бо ифтихор имрӯз оилаи худро оилаи фуруғӣ меҳисобанд.
Озода Қаландарзода, ғолиби мақоми аввали номинаи “Осори адибони классикии тоҷик”-и озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки ҳамакнун ба унвони "Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон", Диплом ва 35 000 сомонӣ маблағи пулӣ шарафёб гардидааст, барои дастгирии доимӣ ва ташкили чунин озмуни фарҳангӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдорӣ баён карда, изҳор дошт, ки минбаъд низ баҳри ташаккули маънавиёти худ ва дар маҷмуъ ҷомеъ кӯшиш менамояд.
Бояд қайд намуд, ки ҷомеаи меҳнатии "Литсейи иноватсионии ҷавонӣ" дар шаҳри Хуҷанд дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ фаъолона ширкат меварзанд. Ин буд, ки 3 нафар омӯзгори забони давлатӣ: Озода Қаландарзода, Ҷавоҳир Ашӯров ва Аслинисо Ёдгорӣ дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ширкат намуда, мақомҳои якум, дуюм ва сеюмро ар даври ниҳоии он ба даст овардаанд, ки дар тарбияи маънавии хонандагони литсей таъсири мусбати хешро хоҳад расонд.
Ёдовар мешавем, ки соли ҷорӣ аз шаҳри Хуҷанд дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 35 нафар ғолибият ба даст оварда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд ва дар даври ниҳоии озмун 9 нафар, аз ҷумла 3 нафар хонанда ва як нафар омӯзгори муассисаи таълимии шаҳр соҳиби мақомҳои ифтихорӣ гардиданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд