23 Ноябрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи имрӯз аз ду ҷониби хиёбони Раҳмон Набиев ба сӯйи майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду Парчами миллии 60 метра ва ду адад Парчами миллии 80 метра аз ҷониби хонандагони донишҷӯён парафшон намуда, ба идгоҳ ҷамъ шуданд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ҳозиринро аз номи Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Парчам табрик карда, аз ҷумла афзуд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи Истиқлоли давлатӣ барои мо азизу муътабар буда, таҷлили Рўзи Парчам дар радифи дигар ҷашнҳои миллию давлатӣ боиси ифтихор ва эътибору шарафи мардуми меҳанпарасти тоҷик аст.
Таҷлили Рўзи Парчами давлатӣ, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўйи кор омад, яке аз муҳимтарини рӯйдодҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон маҳсуб меёбад.
Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муҳими давлати соҳибистиқлол, нишонаи ҳаёти осоишта, ваҳдат ва ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Дар ҳақиқат, Парчами давлатӣ баробари Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад, ки ҳастӣ, таърих, фарҳанг ва моҳияти давлати тоҷиконро ифода карда, далели равшани соҳибватаниву соҳибистиқлолии мо мебошад.
Дар ин бора, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Парчами давлатии Тоҷикистон дар саросари олам партавфишонӣ карда, нишона аз мардуми сулҳхоҳу тамаддунсоз ва кишвари дар ҳалли масоили глобалӣ муваффақи мо мебошад. Қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ба Парчами давлатӣ - ин рамзи истиқлолу озодӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандориву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллӣ арҷ гузорем».
Бо таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ мо ба ба хизматҳои фидокоронаи фарзандони бузурги халқи азизамон, ки дар тӯли таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик барои ному нанг ва ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ҷоннисориҳо карда, забон, фарҳанги ғанӣ ва ойину суннатҳои мардуми куҳанбунёдамонро то замони мо расонидаанд, арҷ мегузорем.
Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзуву омоли худ медонанд, зеро парафшонии парчам барои дар рўҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намудани аҳли ҷомеа, бахусус насли ҷавон нақши муҳим дорад.
Барномаи фарҳангии ватандӯстона табъи ҳозиринро болида намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд