23 Ноябрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
ҒУРУРИ МИЛЛӢ ДАР ПАРЧАМ НУҲУФТААСТ
Ҳамшаҳриёни азиз, шаҳрвандони гиромӣ!
32 сол қабл дар кори Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон дар қатори дигар муқаддасоти кишвар Парчами давлатӣ муқаррар ва ба ин муносибат Рўзи таҷлили ин рамзи соҳибдавлатии тоҷикон тариқи қонун тасдиқ гардид. Инак, парчами давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикис-тон дар дохили кишвар ва қаламрави ҷаҳон алвонҷ мехўрад ва аз ҳастии миллати тоҷик оламиёнро бохабар месозад.
Ба ин муносибати нек бо камоли ифтихор ва самимият сокинон ва меҳмонони Хуҷандшаҳри бостониро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо Рўзи Парчами давлатӣ табрику муборакбод менамоям, бароятон рўзгори обод, зиндагии пурсаодат ва ба Ватани маҳбубу соҳибихтиёрамон пешрафт ва осмони софу беғуборро таманно мекунам.
Парчам, воқеан ҳам, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ маҳсуб ёфта, таҷлил гардидани Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар нишони садоқати имрўзиён ба анъанаҳои қаҳрамононаи авлоду аҷдоди сарбаландамон ва арҷгузорӣ ба арзишҳои умумимиллӣ арзёбӣ гашта, он метавонад дар замири ҳар фарди ватандўст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дўст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд намояд.
«Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми кўҳанбунёду фарҳангии мо буда, мақсаду мароми неки тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст», – гуфтаанд дар яке аз сўҳбатҳояшон бо аҳли кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Мусаллам аст, ки ҳар давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчамаш дар миёни даҳҳо давлату кишвар муаррифӣ мегардад, он баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рў, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад.
Бо назардошти нақши созандаву муассири парчам дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандўстиву ватанпарастии насли наврасу ҷавон, тибқи дастури Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру навоҳӣ, ҷамоату деҳоти Тоҷикистон майдони Парчами давлатӣ бунёд шудааст, ки боиси ифтихор ва худшиносии миллии ҳамагон гардидааст.
Ба шарофати сиёсати ояндабинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хуҷандиёни меҳнатқарину ватандўст бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии кишвар ва фазои орому осуда зери Парчами давлатӣ ба даҳҳову садҳо дастовард ноил гардида, дар рушди ҳамаҷонибаи соҳоти кишвар саҳм мегузоранд.
Итминони комил дорам, ки минбаъд низ ҳадаф ва муқаддасоти ин рамзи давлатдорӣ миёни насли наврас ва ҷавон хубу шоиста тарғиб мегардад ва бо баланд бардоштани ливои миллӣ дастовардҳои нав ба нави ҷавонон ба кулли Тоҷикистон ва ҷаҳон муаррифӣ карда мешавад.
Бори дигар ҳамдиёрони азизро бо ҷашни муқаддас – Рўзи Парчами давлатӣ самимона табрику таҳният гуфта, орзуманди онам, ки ливои миллат парафшон ва сулҳу амният то ҷовидон пойдор бошад.
Ҷашни муқаддаси миллӣ – Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрон!