22 Ноябр 2024
Таҳти чунин унвон бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таълимии томактабии №25-и шаҳри Хуҷанд маҳфили хушҳолӣ бо иштироки тарбиятгирандагони ин муассисаи таълимӣ баргузор гардид.
Кӯдакон дар васфи Парчами миллӣ шеъру суруд ва таронаҳои ҷолиб сароиданд. Гуфторҳо дар васфи Парчами миллӣ садо доданд. Таъкид шуд, ки Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоиштаву меҳнатдўстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи фардо ва лоиқи эҳтироми ҳар як шахс мебошад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеъ ва нақши хосаи худро дар давлатдорӣ, дар мавриди гузаронидани чорабиниҳои расмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа дорад. Бинобар ин мо бояд Парчамро ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат эҳтиром ва қадршиносӣ намоем.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд