22 Ноябр 2024
Дар МТМУ №22-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр машварати навбатии доимоамалкунандаи директорони муассисаҳои таълиии шаҳр баргузор гардид.
Шаҳноза Мақсудзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ҷаласаро оғоз намуда, дар бораи дастовардҳои соҳаи маориф дар замони Истиқлоли давлатӣ андешаронӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки Тоҷикистон низ як ҷузъи ҷаҳони муосир аст ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳтару хубтар гардонидани зиндагии мардум солҳои охир ба мактабу маориф ва боло бардоштани фарҳанги техникӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Соли маориф ва фарҳанги техникӣ нахуст дар мамлакати мо эълон шуда, сипас дар миқёси ИДМ ҳамчун соли инноватсия қабул гардид.
Аз натиҷаҳои ислоҳоти дар соҳаи маориф гузаронидашуда бармеояд, ки кормандони соҳаи маориф соҳиби ҷойи хуби корӣ ва шароити муосири фаъолият дар самти таълиму тарбия гаштанд. Ҷойгоҳи мактабу маориф ва мақоми омӯзгор тадриҷан боло рафта, афрӯзандагони илму дониш ва чароғи маърифат бо масъулияти бештар рисолати касбии хешро иҷро менамоянд.
Аз он рӯзҳои фоҷиавӣ, ки ба сари миллат омад ва ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла мактабу маориф низ хисороти зиёди моддию маънавӣ диданд, бояд сабақ бардорем, ба гузаштаи хеш бо чашми ибратбин назар афканем ва содиқона ба тарбияи насли наврас машғул гардида, онҳоро дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намоем.
Агар соли 2000-ум ба соҳаи маориф ҳамагӣ 42 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2005 ба 253 миллион, соли 2010 ба зиёда аз 1 миллиард, соли 2015 ба 2,5 миллиард, соли 2020 ба 5,5 миллиард ва дар соли 2024 ба 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ расонида шуд, ки 5,7 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва 18,9 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 21 маротиба баланд бардошта шуд.
Аз 1-уми июли соли 2024 маоши кормандони соҳа боз ба андозаи 40 фоиз зиёд гардид. Яъне маоши онҳо то имрӯз қариб ҳашт баробар зиёд гардид.
Бояд қайд кард, ки имрӯз шумораи муассисаҳои зинаи таҳсилоти томактабӣ соли 2024 ба 720 расида, дар онҳо зиёда аз 105 ҳазор нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар кишвар соли таҳсили 1991 – 1992-юм ҳамагӣ 3229 мактаб бо фарогирии 1 миллиону 325 ҳазор хонанда фаъолият дошт.Имрӯз беш аз 4000 мактаб ва 2 миллиону 280 ҳазор нафар хонанда дар кишвар фаъолият мебарад, ки дар муқоиса аз солҳои қабли 800 мактаб ва 1 миллион хонанда зиёд мебошад.
Ҳоло дар кишвар 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо аз рӯйи 14 самт ва 135 ихтисос бо фарогирии беш аз 18 ҳазор нафар хонанда барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди мамлакат мутахассис омода карда мешавад.
Сипас, директори МТМУ №22-и шаҳр Сураё Каримӣ дар мавзуъи «Нақши муҳими фаъолияти муштараки директор ва муовини директори муассисаи таълимӣ оид ба таълим дар самти идоракунӣ ва назорат” маърӯза намуд.
Дар ҷараёни машварат ҳамзамон доир ба роҳҳои дигари фаъолгардонии хонандагон дар ҷараёни фаъолияти муштараки директор ва муовини директори муассисаи таълимӣ оид ба таълим дар самти идоракуниӣ ва назоратбаргузории маҳфилҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.
Сипас, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дар машғулиятҳои кушоди омўзгорони МТМУ №22 иштирок ва онро таҳлилу баррасӣ намуданд.
Барномаи фарҳангии ватандӯстона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Парчамчамат парафшон бодо, Тоҷикистон” табъи ҳозиринро болида намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд