22 Ноябр 2024
Хонандагон доир ба эълон шудани соли 2024 ҳамчун "Соли маърифатӣ" маълумот дода, ҳадаф ва моҳияти онро шарҳ доданд.
Таъкид шуд, ки шахси дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ, бо дониш ва бо шуур дар ҷомеа ҷойгоҳи хешро пайдо намуда, ҳаргиз ба амалҳои ғайриқонунӣ даст намезанад ва фирефтаи тарғиботи ифротгаронаи душманони миллат ва давлат нахоҳад шуд. Бинобар ин, омӯзиши қонунҳо ва тарғибу ташвиқи онҳо бояд ҳанӯз дар синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз ёфта, дар коллеҷу донишгоҳҳо идома дода шавад.
Давоми 33 соли Истиқлолияти давлатӣ бо фаъолияти самараноки ҳуқуқэҷодкунӣ низоми ҳуқуқии мамлакат дар асоси волоияти меъёрҳои Конститутсия заминагузорию такмил гардида, ҳоло зиёда аз 400 санади қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор дорад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд